Тоҷикистон барои ёфтани мошини хидматии Алишер Мирзонабот, раиси пешини Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, аз Қазоқистон ёрӣ хостааст.
Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, рӯзи 16-уми июл дар нишасти матбуотӣ гуфт, “дар ҷое, ки ҳодиса рух дод, ҳаракати об бисёр тезу хатарнок аст”.
“Барои муайян кардани мошин дар зери об таҷҳизот надоштем. Бо Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Қазоқистон ҳамкорӣ кардем ва гурӯҳи корӣ омада, барои муайян кардани мошин дар зери об кор карданд, аммо муайян карда натавонистанд,” – афзуд ӯ.
Алишер Мирзонабот ва ҳамсару як фарзанди хурдсол ва ёвару ронандааш рӯзи 17-уми июн ҳангоми бозгашт аз Душанбе ба Хоруғ бо мошини хидматӣ ба дарёи Панҷ сарозер шуданд.
Раиси Кумитаи ҳолатҳои изтирорӣ бо такя ба маълумоти Вазорати умури дохилӣ гуфт, ба сабаби суръати баланд ронанда идораи мошинро аз даст додааст.
Пайкари Алишер Мирзонаботро рӯзи 30-юми июн ва ёвару ронандаашро рӯзҳои 25 ва 26-уми июн пайдо карда, ба хок супурданд.
Ҷасади Амина Амонуллоева, ҳамсари Алишер Мирзонабот, рӯзи 3-юми июл дар дарёи Панҷ дар ҳудуди Афғонистон ёфт шуд.
Ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, дар ҳоли ҳозир ҷустуҷӯи фарзанди Алишер Мирзонабот идома дорад.