Кумитаи дин ва танзими анъана сарусадоро дар бораи таъйини ҷарима барои фиристодани навиштаи “Ҷумъа муборак” дар Тоҷикистон рад кард.
Дар паёмрасони Вотсап (Whatsapp) садои марде паҳн шудааст, ки дар он гуфта мешавад, гуё дар Тоҷикистон барои ирсолу бознашри паёмҳое мисли “Ҷумъа муборак” ҷаримаҳои сангин пешбинӣ шудааст.
Бисёре аз корбарон ин садоро ба Радиои Озодӣ фиристода, пурсиданд, ки он то куҷо асос дорад.
Кумитаи дин ва танзими анъана дар вокунише навишт, ки “ин овоза ҳеч гуна асоси воқеӣ надорад”.
Як манбаъ дар мақомоти корҳои дохилӣ рӯзи 31-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфт, таҳқиқ доранд, ки паём аз сӯйи кӣ фиристода шудааст.
Қабл аз ин, мақомоти Тоҷикистон риштарошии маҷбурӣ ва "суҳбат" бо занони ҳиҷобдорро низ рад карда буданд, вале намояндагони баъзе аз созмонҳои мухолифи ҳукумат гуфтанд, ин маърака ҳамчунон бесарусадо идома дорад.
Чанд сол пеш паҳн кардани навиштаи "Ҷумъа муборак" миёни корбарони тоҷики шабакаҳои иҷтимоӣ роиҷ буд, аммо ҳоло бисёр кам ба назар мерасад.