Барканории вазири дифои Украина

Михаил Фёдоров моҳи январи 2026 вазири дифои Украина таъйин шуд

Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина, вазири дифои 34-солаи ин кишвар Михаил Фёдоровро аз мақомаш сабукдӯш кардааст. Фёдоров, ки таҳти роҳбарии ӯ истифодаи дрон ё паҳподҳо дар ҷанг бо Русия бисёр вусъат гирифт, рӯзи 15-уми июл тасдиқ кард, ки аз мақомаш барканор шуд.

Дар замони фаъолияти кӯтоҳи Михаил Фёдоров, паҳподҳо ба Украина кумак карданд, ки аз пешравии ҷиддии нерӯҳои Русия дар ҷанг ҷилавгирӣ кунад. Ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ навиштааст, ки “барои ман шарафи бузург буд, ки ба ҳайси вазири дифоъ ба мардуми Украина хидмат кунам.”

Расонаҳои украинӣ пештар навишта буданд, ки шояд Михаил Фёдоров бо далели ихтилофи назар бо дигар аъзои ҳукумат дар масъалаи хароҷоти низомӣ барканор шавад.

Владимир Зеленский

Владимир Зеленский рӯзи 12-уми июл аз оғози тағйироти кадрӣ дар ҳукумат хабар дода, гуфт, ин дигаргунӣ барои иҷрои стратегияи нави сиёсӣ зарур аст.

Вай афзуд, ҳадаф аз тағйироти кадрӣ навсозии Девони вазирон аст ва масъулияти самтҳои муҳими сиёсати хориҷӣ ба дӯши афроди ботаҷриба вогузор хоҳад шуд.

Пештар аз ин, Зеленский номзадии Сергей Коретский, раиси ширкати "Нафтогаз" бузургтарин ширкати давлатии нафту гази кишварро ба мақоми сарвазири оянда пешниҳод кард.

Михаил Фёдоров моҳи январи имсол вазири дифои Украина таъйин шуд. Ҳарчанд надоштани собиқаи низомии ӯ боиси баъзе норозигиҳо дар миёни низомиёни касбии Украина шуд, вале таъйиноти ӯ заминаро барои истеҳсоли зиёд ва истифодаи паҳподҳо дар ҷанг фароҳам овард.

Ҳафтаҳои гузашта Украина бо истифода аз ҳавопаймоҳои бесарнишин ба якчанд ҳадаф дар умқи қаламрави Русия зарба зад. Ҳамлаҳо ба иншооти энергетикии Русия боис ба норасоии маводи сӯхт дар ин кишвар шуд.

Видеоро дар инҷо бинед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Барканории вазири дифои Украина сабаби эътироз шуд