Қосимҷомарт Тоқаев, раисҷумҳури Қазоқистон, дар вокуниш ба марги 14 сарбоз, ки ҳангоми машқи ҳарбӣ ҷон бохтаанд, вазири дифои ин кишвар Даврон Қосановро аз мансаб барканор кард. Ӯ ҳамагӣ як сол пеш ба ин мақом таъйин шуда буд. Айдос Мирзоаҳмадови 45-сола рӯзи 27-уми сентябр вазири нави мудофеаи Қазоқистон эълон шуд.
Рӯзи 24-уми сентябр ҳангоми машқи ҳарбӣ 17 низомии Қазоқистон дар обҳои Баҳри Хазар ё Каспий ғарқ шуда, 14 нафари онҳо ҷон бохтаанд. Вазорати дифои Қазоқистон гуфт, се нафарро наҷот доданд, аммо дертар матбуот хабар дод, ки се нафари зиндамонда бо талошҳои худ то соҳил расидаанд.
Даврон Қосанов ҳангоми изҳори ҳамдардӣ ба пайвандони низомиёни ҳалокшуда. Манғистау, 26-уми сентябри соли 2026
Мақомоти Қазоқистон гуфтанд, дар пайванд ба ин фоҷиа бар асоси ду банди Кодекси ҷиноӣ парванда боз кардаанд, аз ҷумла барои “иҷрои бепарвоёнаи вазифа, ки боис ба пайомадҳои вазнин гардид” ва ҳам барои “вайрон кардани қоидаи киштиронӣ”. Панҷ мақомдори Вазорати дифои Қазоқистон, аз ҷумла муовини аввали сарфармондеҳи нерӯҳои мусаллаҳ ҳамчун гумонбар дастгир шудаанд.
Қосимҷомарт Тоқаев марги сарбозонро дар замони осоишта “натиҷаи фаъолияти ғайрикасбии афсарон, дар асл генералҳо” номид. Вай гуфт, “раҳбарият мушкилоти деринаи артишро ҳалношуда мегузорад ва ин чиз боис ба суст шудани иқтидори дифоии кишвар мегардад”.
Раисҷумҳури Қазоқистон инчунин гуфт: “Аз гузашта ҳеч сабақ гирифта нашуд. Кӣ ин машқҳоро таҳия кардааст? Чаро сарфармондеҳи нерӯҳои ҳарбию баҳрӣ дар машқҳо ҳузур надошт? Бепарвоӣ, саҳлангорӣ, намоишкорӣ як кори маъмулӣ шудааст.”
Ба қавли ӯ, артиши Қазоқистон “дар асри пешин дармондааст” ва “ҳоло вақти ислоҳоти бунёдии он расидааст”.