Барканории сармеъмор пас аз канда шудани порае аз як бино дар Хуҷанд

Низом Мирзозода гуфт, қазияро мақомоти ҳифзи ҳуқуқ низ таҳқиқ доранд

Дар вокуниш ба канда шудани гӯшае аз як бинои баландошёнаи нимсохт дар Хуҷанд, сармеъмори ин шаҳр ва намояндаи Хадамоти назорат дар соҳаи сохтмон аз мансаб ронда шудаанд.

Раиси Кумитаи сохтмон рӯзи 9-уми июл дар нишасти матбуотӣ гуфт, ин ниҳод дар ҳайати 10 тан як кумисюни вижа ташкил карда, барои санҷиш ба вилояти Суғд фиристод. Низом Мирзозода ҳамзамон гуфт, видеои канда шудани гӯшае аз як бино махсус сабт шудааст ва онро рақобат миёни ширкатҳои сохтмонӣ донист.

"Дар он ҷо як чизи дигар аст. Агар аҳамият дода бошед, ду шахс нишастаанд ва навор гирифта ва гуфта истодаанд, ки ҳоло ҳамон девор чаппа мешавад. Савол пайдо мешавад, ки онҳо аз куҷо медонанд, ки ҳамин девор чаппа мешавад?" -- гуфт раиси Кумитаи сохтмон.

Ҳарчанд Низом Мирзозода аз гуфтани ҷузъиёти рақобат, номи ширкатҳои сохтмонӣ ва ҳувияти соҳибони онҳо худдорӣ кард, аммо гуфт, ин ҳодисаро мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳам таҳқиқ доранд. То кунун назари ширкати сохтмонӣ ба ин ҳодиса ва гуфтаҳои раиси Кумитаи сохтмон маълум нест.

Навор дар Инстаграм:

Сифати сохтмонҳои нав, хусусан биноҳои маскунӣ дар солҳои охир яке аз баҳсҳои доғ дар миёни мардум дар Тоҷикистон аст.

Рӯзи 19-уми июн дар пайи шамоли сахт порае аз девори як бинои нимсохт дар шаҳри Хуҷанд канда шуд ва наворҳои он лаҳза дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳси сифати биноҳои навро дубора доғ кард.

Радиои Озодӣ он замон маълум карда буд, ки ин бинои нимсохт дар маҳаллаи 32-юми шаҳри Хуҷанд ҷойгир буда, аз сӯйи ширкати “Каскад” бунёд мешавад. Намояндагони ин ширкат шарҳе надоданд.

Ба омори Кумитаи сохтмон ва меъморӣ, дар шаш моҳи соли 2026 дар сохтмони беш аз ҳазору сад бино зиёда аз се ҳазору ҳафтсад камбудӣ ошкор гашта, навад нафарро дар умум 300 ҳазору 254 сомонӣ ҷарима бастаанд.