Парвиз Шодмонзода, раиси ширкати ҳавопаймоии "Тоҷик Эйр", аз мақоми худ ронда шудааст.
Фармони раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар ин бора рӯзи 4-уми ноябр содир шуд, аммо дар он сабаби барканорӣ ошкор нест.
Як манбаи огоҳ дар ширкати “Тоҷик Эйр” рӯзи панҷуми ноябр бо шарти фош нашудани номаш далели барканории Парвиз Шодмонзодаро “ҷанҷоли оилавӣ” донист.
Ӯ дар соли 2022 ба ин вазифа таъйин шуда буд.
Ин иттифоқ дар ҳоле рӯй додааст, ки чанде пеш дар як навори савтӣ ё садоӣ зане худро ҳамсари Парвиз Шодмонзода муаррифӣ карда, аз раисҷумҳури Тоҷикистон додхоҳӣ намуда буд.
Вай иддао дошт, ки “муносибати шавҳарам бо ман хуб нест, доимо ҷангу ҷанҷол мекунад...”
Дертар навори дигаре пайдо шуд, ки ин зан мегуфт, ҳарфҳояшро дар ҳолати нохуби рӯҳӣ гуфтааст ва ӯ бо шавҳараш ягон мушкил надорад. Навори дувум бо тегҳо ё ишораи саҳифаҳои мақомоти интизомии Душанбе дар шабакаҳои иҷтимоӣ пахш шудааст.
Парвиз Шодмонзода ин наворҳоро шарҳ надодааст. Дар навори дувум дида мешавад, ки зан аз рӯйи коғаз матни омодаро мехонад.
Навор дар Инстаграм:
“Тоҷик Эйр” ягона ширкати давлатии ҳавопаймоӣ дар Тоҷикистон аст, ки чанд раҳбари собиқаш ба фасоди молӣ муттаҳам шуда буданд.
Радиои Озодӣ дар як таҳқиқот дар соли 2021 муайян кард, ки "Тоҷик Эйр" аз идораи молиёт (андоз), бонкҳо, фурудгоҳҳо ва хадамоти техникӣ зиёда аз 40 миллион доллар қарздор аст.