Фарзона Ғафурзода ҳамагӣ пас аз тақрибан якуним сол кор аз мақоми додраси Додгоҳи шаҳри Истиқлол (вилояти Суғд) барканор шудааст.
Фармони аз мақом рондани ӯро Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 29-уми сентябр имзо кард.
Дар он Фарзона Ғафурзода ба содир кардани кирдоре муттаҳам шудааст, ки "шаъну эътибори судяро паст мезанад".
Назари худи ӯ ба фармон маълум нест ва ин ҳам рӯшан нест, ки Фарзона Ғафурзода бо кадом рафтору амалкардаш шаъну эътибори додрасҳои тоҷикро пас задааст.
Аммо он додрасҳоеро, ки Эмомалӣ Раҳмон дар гузашта бо айни иттиҳом аз кор рондааст, баъдан бо гуноҳи ришвахорӣ ё суистифода аз мақом ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд.
Танҳо дар моҳи декабри соли 2025 се додрас бо айни сабаб, яъне паст задани шаъну эътибори додрас дар Тоҷикистон аз мақомашон барканор шуданд.
Низоми додгоҳии Тоҷикистон ва рафтори додрасҳо солҳост, ки танқид мешавад. Додрасҳоро ба он муттаҳам мекунанд, ки пойбанди мақомот ҳастанд ва ҳарчӣ, ки додситонҳо мехоҳанд, иҷро ва ҳукмҳои ноодилона содир мекунанд.
Худи Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 5-уми декабри соли 2024 эътироф кард, ки фасоду ришвахорӣ дар байни додрасҳо мояи амиқи нигаронӣ аст. Ӯ ин оморро овард, ки дар 10 моҳи соли 2024 кормандони низоми додгоҳӣ 26 ҷиноят содир кардаанд.
Раисҷумҳур он замон ҳамчунин гуфт, дар даҳ соли гузашта нисбат ба беш аз сад нафар, аз ҷумла 45 додрас, муовинон ва раисони додгоҳҳои шаҳру ноҳияҳо парвандаҳои ҷиноӣ оғоз карда, онҳоро ба ҷавобгарӣ кашидаанд. Бисёре аз ин ҷиноятҳо ришвахорӣ, қаллобӣ, фаро рафтан аз ваколатҳо, эълони ҳукмҳои ноодилона номбар шуданд.
Додрасҳо дар Тоҷикистон бо фармони президент таъйину барканор мешаванд ва танқидҳо зиёданд, ки ҳангоми таъйини онҳо лаёқат ва донишҳо ба қадри кофӣ ба эътибор гирифта намешаванд.