Раҳбарони додгоҳ, додситонӣ ва пулиси ноҳияи Мастчоҳ аз мақомҳояшон барканор шудаанд.
Дар бораи сабаби ин тағйир сомонаи президенти Тоҷикистон рӯзи 6-уми март чизе нагуфта, аммо хабар додааст, ки ба ҷойи онҳо шахсони “кордону соҳибтаҷриба ва дорои малакаи хуби назорату роҳбарӣ таъин гардиданд”.
Барканории раҳбарони мақомоти қудратӣ дар ноҳияи Мастчоҳ дар ҳолест, ки чанд моҳи охир сокинон аз бадрафтории нозирони роҳ ва дигар кормандони мақомоти интизомӣ шикоят доштанд.
Дар як наворе, ки рӯзи 3-юми март корбарон аз ноҳияи Мастчоҳ фиристоданд, дида мешавад, ки чанд нозири роҳ бо ронандагон кашокаш доранд.
Расман гуфта намешавад, ки тасмими Эмомалӣ Раҳмон барои ин дигаргунӣ то куҷо ба шикояти сокинон пайванд дорад. Ҳамчунин, дар бораи танбеҳ ё ҷазо гирифтани афроди барканоршуда хабаре нашр нашудааст.
Танҳо ишораи сомонаи президент ин аст, ки корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд дар доираи қонун амал кунад ва вазифаҳои худро “пурра ва софдилона” анҷом диҳад.