Қатъи кори 9 бемористон бар асари ҳамлаҳо дар Эрон

Эрон

Як узви Кумисюни тандурустии Маҷлиси Эрон рӯзи 10-уми март ба хабаргузории "Илна" гуфтааст, бар асари ҳамлаҳои Амрикову Исроил ба Ҷумҳурии Исломӣ 9 бемористон аз кор монд.

Муҳаммад Ҷамолиён ба таври мушаххас нагуфтааст, ки ин бемористонҳо дар кадом шаҳр ва минтақаҳои Эрон қарор доранд.

Ба иттилои вай, аз оғози ҳамлаҳои муштарак 25 маркази тиббӣ дар Эрон зарар дида, ба ҷуз 9 бемористон, боқимонда камобеш фаъолият доранд.

18 шуъба ва 14 мошини “Ёрии таъҷилӣ” дар Ҷумҳурии Исломӣ низ вайрон гаштааст.

Амрико ва Исроил рӯзи 28-уми феврали имсол ба Эрон ҳамла карданд, ки бар асари он раҳбари олии ин кишвар Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ ва шуморе аз фармондеҳони баландпояи низомӣ кушта шуданд.

Эрон дар вокуниш ба ҳамлаҳои Амрико ва Исроил, ба Исроил ва чанд кишвари арабии ҳавзаи Халиҷи Форс, ки мизбони пойгоҳҳои низомии ИМА ҳастанд, ҳамлаҳои густурда анҷом дод.

Зарбаҳои ду тараф ба ҳамдигар бо мушаку ҳавопаймо идома дорад.