Банд мондани даҳҳо муҳоҷири тоҷик дар "Домодедово"

Як гурӯҳ аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар Фурудгоҳи "Домодедово"-и Маскав банд мондаанд ва ба гуфтаи худашон, се рӯз боз наметавонанд ба шаҳри Кӯлоб парвоз кунанд.

Муҳоҷирон бо фиристодани видео ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки тахминан 300 нафар дар фурудгоҳ ҳастанд.

Ин мусофирон бояд 14-уми июн бо ҳавопаймои ширкати русии "Урал" аз Маскав ба Кӯлоб меомаданд. Аммо ба гуфтаи мусофирон, парвози онҳо бидуни шарҳ ба таъхир афтод ва барояшон шароити лозим фароҳам оварда нашуд.

Ба гуфтаи муҳоҷирон, дар миёни онҳо занон ва кӯдакон ҳам ҳастанд.

Онлайн-таблои Фурудгоҳи "Домодедово" ҳам нишон медиҳад, ки парвоз ба шаҳри Кӯлоб ба таъхир афтодааст. Ширкати "Урал" дар ин бора шарҳ надодааст.

Дар рӯзҳои охир ин ягона ҳолати ба таъхир афтодан ё қатъи парвоз аз Русия ба Тоҷикистон нест.

Рӯзи 14-уми июн ҳудуди 170 мусофир аз шаҳри Душанбе натавонистанд, ба Русия бираванд..

Ҳар рӯз байни Тоҷикистон ба Русия ҳудуди 20-25 парвози ҳавопаймо амалӣ мешавад.