Сомонаи русии Регнум рӯзи 7 феврал баъди сӯҳбат бо модари Лиза навишт, Юлия баъди ҳодисаи наҷоти тифлаш бо ёрии полис Бахтиёрро пайдо кард ва ба ӯ ҷоизаи пулӣ пешниҳод намуд, вале ин мард рад кард. Насаби Бахтиёр нашр намешавад.
Рафтори Юлия, ки дар мақола танҳо исми аввалааш оварда шудааст, аз ҷониби полис аз рӯи моддаи “дар ҳолати хатарнок гузоштани тифл” санҷида мешавад.
Ҳодиса тахминан соатҳои 4-и субҳи рӯзи 6 феврал дар назди шоҳроҳи деҳаи Становое дар вилояти Маскав рух додааст. Бахтиёр давоми бист соли охир дар Русия ба сар мебарад ва дар як ширкати интиқоли хӯрок кор мекунад. Ӯ ба ҳамин расона нақл кард, ки ҳамон шаб вақти бозгашт аз кор бо суръати суст ҳаракат мекард ва ногоҳ чашмаш ба канори роҳ уфтод.
“Хаёл кардам гурба ё харгӯш аст”, вале маълум шуд, ки ин як тифли яксола аст, ки бо як тан либоси сабук дар роҳи пурбарф чорпо ҳаракат мекард. Бахтиёр мошинро манъ карда кӯдакро дар як кампале печонду дасту пояшро молид, то ки аз ях кардани баданаш пешгирӣ кунад. “Кӯдак сурх не, кабуд шуда буд”, нақл кард Бахтиёр ба Регнум.
Ҳамон замон ба хадамоти ёрии таъҷилӣ ва полис занг зада дар бораи пайдо шудани кӯдак хабар дод. Дар ин лаҳзаҳо пиразане омада аз ӯ талаб кард, ки кӯдакро ба ӯ бидиҳад, чун бибиаш аст. Бахтиёр мегӯяд, эҳсос кард, ки вазъи рӯҳии ин зан хуб нест ва то омадани духтур ва полис интизор шуд. Кӯдакро ба беморхона бурда аз сардӣ наҷот доданд, менависад Регнум.
Мақомоти тафтишотӣ рафтори волидони Лизаро месанҷанд ва аллакай тасдиқ шудааст, ки модаркалони кӯдак воқеан ҳам мушкилоти равонӣ дорад.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Наҷоти шаҳрвандони Тоҷикистон аз барфу сардӣ дар Қазоқистон"Сӣ сол нигоҳ доштам." Зане аз Қирғизистон марди некӯкори тоҷикро меҷӯядНаҷоти як мард, ки мехост аз баландошёна худро ба поин андозадЯке аз соҳибмулкони "Зимняя вишня" пеш аз мӯҳлат аз зиндон озод шуд"Шереметово": Пизишкони русро ба назди бемори тоҷик роҳ надодаанд