“Маро аз ин остон меронанд.” Баҳсу даъво сари хона дар Шаҳритус

Наталия Эсанова

Аъзои чор оила дар кӯчаи Юсуф Зубайдуллоев дар ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон аз тахриб шудани манзилашон норозӣ ҳастанд. Ширкати бинокори "Таъмир сохтмон 82", ки дар ин маҳалла мехоҳад хонаҳои нав бисозад, бо баъзе аз онҳо баҳси додгоҳӣ ҳам дорад. Дар ҳоле ки як оила мегӯяд, ба онҳо ба ивази хонаашон чизе пешниҳод намешавад, оилаи дигар бо ҷубронпулии пешниҳодии ширкат розӣ нест.

Лаҳзаи вайрон кардани хонаи сокинон дар Шаҳритус. 6-уми ноябри 2026

Яке аз сокинони норозӣ Шарофат Қурбонова аст, ки бо як набераю ду аберааш зиндагӣ мекунад.

"Ман дар ин хона қариб 25-30 сол зиндагӣ мекунам. Ободӣ кардам. Хонасозон омада вайрон карданд. На ба мо пул медиҳанд, на хона гирифта медиҳанд. Мегӯянд, бо қарори суд (додгоҳ) пеш мекунем. Мо ба куҷо равем? Мо дар ҳаминҷо пир шудем. Хонасоз на пул медиҳад, на хона медиҳад, фақат дурӯғ мегӯяд,” –шикоят кард ӯ.

Шарофат Қурбонова

Сокини дигари бино Наталия Эсановаи 87-сола аст. Духтари ӯ, Валентина, соҳибмулки дигар, бо ширкати “Таъмир сохтмон 82” баҳси додгоҳӣ дорад. Ӯ низ мегӯяд, нисбат ба онҳо беадолатӣ шудааст.

“Ман 40 сол ба ҳайси табиб кор кардам. Барои сиҳатии инсонҳо мубориза бурдам. Ҳоло маро аз ин остон меронанд. Мегӯянд, ба ҳар ҷое, ки мехоҳӣ, бирав,” – афзуд Наталия Эсанова.

Наталия Эсанова

Бино ба санадҳои додгоҳӣ, ки Радиои Озодӣ дастрас кард, ширкати “Таъмир сохтмон 82” ин иддаоро рад карда, гуфтааст, тамоми чораҳои қонуниро барои таъмини 12 соҳибмулки бино андешидааст ва бо бақияи онҳо ба мувофиқа расидааст, ки ҷуброни заруриро медиҳад.

Қарор аст, дар ҷойи ин бинои қадимаи солҳои 1960, ширкати “Таъмир сохтмон 82” биноҳои истиқоматии бисёрошёна ва маркази тиҷоратӣ бисозад.

Азбаски Наталия Эсанова пешниҳоди ҷубронро напазируфта, хонаро тарк накардааст, ширкат ӯро ба додгоҳ кашидааст. Ба қавли вакилони ширкат, Наталия Эсанова барои хонаи қадимае, ки дигар барои зист ҳам мувофиқ нест, пули бисёр талаб мекунад, ки дуруст нест.

Додгоҳ ҳам қарорро ба нафъи ширкат содир карда, амр додааст, ки ба оилаи Наталия Эсанова 430 ҳазору 500 сомонӣ пардохт намуда, ба ҷойи дигар кӯчонад. Соҳибмулк пулро нокофӣ медонад ва мегӯяд, ширкат қабл аз онки ба мӯҳлати шикоят ба додгоҳи болоӣ сипарӣ шавад, ба вайрон кардани хона идома додааст.

Ин қазия дар ноҳияи Шаҳритус шояд яке аз даҳҳо ё ҳазорон парвандаи ҷанҷолии хонаву хонасозӣ дар Тоҷикистон аст, ки додгоҳҳои кишвар рӯзона баррасӣ мекунанд. Ҳарду тараф ҳам ба ҳақ будани худ таъкид мекунанд, яке мегӯяд, ҷуброни кофӣ ба соҳибмулкон пешниҳод карда ё додааст, дигарӣ мегӯяд, ба онҳо дар ивази хонаи қиматашон пули ночизе додаанд.

Видеоро дар инҷо бинед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

"Маро аз ин остон меронанд"