Баҳси вазъи амниятӣ дар ҷаҳон дар нишасти Озарбойҷон

Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё 28 кишвар, аз ҷумла тамоми давлатҳои Осиёи Марказиро дар бар мегирад

Дар шаҳри Боку, пойтахти Озарбойҷон, раҳбарони чанде аз кишварҳои Осиё ва Ховари Миёна вазъи амниятӣ дар минтақа ва ҷаҳонро баррасӣ карданд.

Раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 15-уми октябр дар нишасти Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё аз “вазъи печидаву осебпазири байналмилалӣ, шиддат гирифтани рақобатҳои геополитикӣ, низоъҳои мусаллаҳона ва таҳдидҳои амниятӣ” сухан гуфтааст.

Дафтари матбуоти президент навишт, Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи суҳбаташ ба зарурати фароҳам овардани заминаҳои устувори таъмини сулҳу суботи пойдор ва ҳалли осоиштаи баҳсу ихтилофҳо таъкид намуд.

Илҳом Алиев, раисҷумҳури Озарбойҷон ҳам дар аввалин рӯзи нишаст гуфтааст, то замоне ки шеваҳои иҷрои қатъномаҳои Шӯрои Амнияти Созмони Милал таҳия нашаванд, ҷангу низоъ дар саросари ҷаҳон идома хоҳанд ёфт.

Эмомалӣ Раҳмон ва Илҳом Алиев пеш аз шурӯи нишаст бо ҳам дидор доштанд ва бораи ҳамкориҳои дуҷониба ва тақвияти робитаҳо дар чаҳорчӯби созмонҳои минтақаӣ ва байналмилалӣ суҳбат кардаанд.

Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё 28 кишвар, аз ҷумла тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Арабистони Саудиву Туркияро дар бар мегирад.

Минбари созмон, ки бо пешниҳоди Қазоқистон таъсис ёфта ва соли 1999 ба фаъолият шуруъ кардааст, барои муколама ва табодули афкор аз ин роҳ пешгирӣ кардан аз ҳаргуна низоъ дар минтақа аст.