Баҳонаҳое барои рондани муҳоҷирон аз Русия ду баробар зиёд мешавад

Дар як иқдоми навбатии зидди муҳоҷирон, Думаи давлатии Русия тарҳи қонунеро ба баррасӣ гирифтааст, ки номгӯи қонуншиканиҳои маъмурӣ барои аз хоки ин кишвар берун кардани муҳоҷиронро ду баробар бештар хоҳад кард. Дар ин бора рӯзи 21 апрел Вячеслав Володин, раиси Думаи давлатӣ дар Telegram-канали худ хабар додааст.

Дар рӯйхати қонуншиканиҳо чунин ҳолатҳо ёд шудаанд: вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ, итоат накардан ба дастури қонунӣ ваё талаби ходими полис, содир кардани амалҳое, ки дар кори муассисаҳои таъминоти ҳаёти аҳолӣ халал мерасонанд, инчунин дар интернет паҳн кардани иттилое, ки шаъну шарафи инсон ва ахлоқи ҷамъиятиро поймол мекунад.

Илова ба ин, дар рӯйхат амалҳое ёд шудаанд, ки барои таҳқиру беобрӯкунии қувваҳои мусаллаҳи Русия равона шудаанд. Володин гуфтааст, ки барои як қатор қонуншиканиҳо баробар бо ихроҷ пардохти ҷарима ҳам таъин мешавад. Маълум нест, хусусияти қонуншиканиҳои ёдшударо чӣ гуна ва бар асоси кадом меъёр мушаххас хоҳанд кард, вале дар гузашта фаъолони ҳуқуқи муҳоҷирон даҳҳо қонуну ҷазоҳои нави алайҳи муҳоҷирон ҷоришударо на қонуншикании ҷиддӣ, балки баҳонаҳои расмие номиданд, ки ҳадафаш аз хоки Русия рондани коргарони хориҷӣ мебошад.

Зимнан, худи Володин дар ҳамин хабараш аз қавли омори ВКД гуфтааст, ки соли 2025 аз қаламрави Русия 72 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ ронда шудааст.

Баъди ҳамла ба толори консертии “Крокус” дар вилояти Маскав соли 2024 Думаи давлатӣ 22 қонуни нави федеролие қабул кард, ки сиёсати муҳоҷират дар ин кишварро шадидтару сангинтар мегардонад.

Зимнан, рӯзи 21 апрел дар гузориши нави Афви байнулмилал аз як қарори мақомоти Русия дар нисбати фарзандони муҳоҷирон, ки соли 2025 қабул шуд, танқид шудааст. Гузориш мегӯяд, мақомоти Русия моҳи апрел супурдани имтиҳони забон барои фарзандони муҳоҷирон ва вуруди қонунии волидону фарзандон ба ин кишварро шарти ҳатмии қабул ба мактабҳои Русия номиданд.

Дар натиҷа, Роспотребнадзор гуфт, 87% фарзандони муҳоҷирон ба мактабҳо қабул нашуданд. Бо ин кораш, ба бовари созмони ҳомии ҳуқуқи инсон, Русия ҳақи фарзандони муҳоҷирон ба таҳсили ҳатмии миёнаро вайрон кардааст.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Хушҳолии вакилони рус аз ихроҷи зиёди муҳоҷиронТафтиши телефонҳо муҳоҷиронро "ба дод овардааст" Тоҷикистон қабул кард, гирифтани “патент” дар Русия осон мешавад?Тоҷикистон санадеро дар бораи муҳоҷирон қабул кард