Бадрафторӣ бо сарбозони тоҷик кам шудааст?

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Дилрабо Самадова, ҳомии ҳуқуқи сарбозон мегӯяд, ҳоло ҳам ҳангоми даъвати ҷавонон ба сафи нерӯҳои мусаллаҳ мушкилот вуҷуд доранд. Ӯ афзуд, агарчӣ вазъ дар қисмҳои низомӣ назар ба солҳои гузашта беҳтар шудааст, вале бояд корҳои бештаре дар ин самт анҷом дод.