Як мақомдори Русия рӯзи 28-уми июл бо нашри наворе иддао кард, ки ҳавопаймоҳои бесарнишини Украина ба анбори нафт дар вилояти Курск ҳамла кардаанд. Ин вилоят бо Украина ҳамсарҳад аст.
Алексей Смирнов, иҷрокунандаи вазифаи волии Курск, дар “Телеграм” навишт, дар натиҷаи ҳамла се зарфи сӯзишворӣ оташ гирифт.
Вай афзуд, ҳавопаймоҳои бесарнишин ё дронҳо ба чанд бинои истиқоматӣ низ зарар расонда, як нафарро маҷрӯҳ кардаанд.
Вазорати дифои Русия хабар дод, ки ду ҳавопаймои бидуни сарнишинро дар фазои вилояти Курск аз байн бурд.
Корхонаҳои коркарди нафт ва иншооти низомии Русия пайваста ҳадафи ҳавопаймоҳои бесарнишини Украина қарор мегиранд.
Нашрияи "Украинская правда" рӯзи 27-уми июл навишт, ки ҳавопаймоҳои бесарнишини украинӣ ба як корхонаи коркарди нафт дар вилояти Рязани Русия ҳамла кардаанд.