Ба бошгоҳҳои футболи Тоҷикистон бозигарони нав дохил мешаванд

Бозиҳои даври дувоздаҳуми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ рӯзҳои 26-28-уми июн доир гардиданд.

Дар чаҳор бозӣ меҳмонон ғолиб омаданд ва ду дидор мусовӣ шуд. Дар шаш бозӣ 14 гол зада шуд, ки 9-тоаш ба меҳмонон ва 5-тоаш ба мизбонон марбут аст.

“Истаравшан” (Истаравшан) бозиро дар майдони худ бо “Парвоз” (Фурудгоҳи Хуҷанд) мусовӣ кард – 1:1.

КМВА (Клуби марказии варзишии артиш)-и Душанбе дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ аз тими меҳмон - «Ҳосилот» (Фархор) - бо ҳисоби 2:3 шикаст хӯрд.

«Хуҷанд» (Хуҷанд) дар варзишгоҳи “20-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон” бар «Эсхата» (Хуҷанд) бо ҳисоби 1:0 ғалаба кард.

Бозии «Барқчӣ» (Ҳисор) дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ бо «Вахш» (Бохтар) бо ҳисоби 2:2 хотима ёфт.

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) дар меҳмонӣ “Равшан»” (Кӯлоб)-ро бо ҳисоби 1:0 мағлуб кард.

«Истиқлол» (Душанбе) низ дар сафар “Сардор” (Турсунзода)-ро бо ҳисоби 1:0 шикаст дод.

Дар ҳамин ҳол дар ҷадвали мусобиқа “Истиқлол” бо 25 имтиёз аз 11 бозӣ зинаи аввалро касб кардааст. Бояд зикр намуд, “Истиқлол” ягона дастаест, ки то ҳоло бохт надорад.

Дастаҳои “Ҳосилот” ва “Регар-ТадАЗ” бо 24-имтиёзӣ мутаносибан дар зинаҳои дуюму сеюм ҷойгир шудаанд.

Тимҳои “Сардор” бо 6 имтиёз ва “Истаравшан” бо 5 имтиёз дар зинаҳои охирини ҷадвал қарор доранд. Дарвоқеъ, “Истаравшан” ягона дастаест, ки то ҳоло шаҳди ғалабаро начашидааст.

Дар мусобиқаи имсолаи лигаи олии футболи Тоҷикистон, ки бори 34-ум сурат гирифтааст, 12 даста иштирок дорад. Мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон дар ду давра барпо мегардад, ҳар як даста 22 бозӣ анҷом медиҳад.

Дастае, ки имсол дар мусобиқаи лигаи олӣ ҷойи охиринро ишғол менамояд, ба лигаи якум мегузарад ва дастае, ки ҷойи ёздаҳумро мегирад, бо барандаи медали нуқраи лигаи аввали Тоҷикистон дар соли 2026 бозиҳои гузаришӣ барпо мекунад.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа:

ҶойДастаҳоБозӣТ/ТИмтиёз
1“Истиқлол”1114-325
2“Ҳосилот”1223-1124
3«Регар-ТадАЗ»1115-724
4КМВА1114-1219
5«Равшан»1216-1317
6«Барқчӣ»1215-1916
7«Хуҷанд»1211-1016
8«Эсхата»1214-2314
9“Вахш”1215-1614
10«Парвоз»1210-1712
11«Сардор»1213-216
12«Истаравшан»109-175

Аз 1-уми июл дар Тоҷикистон равзанаи гузариши тобистона расман оғоз гардид. Давраи бақайдгирии футболбозон то 29-уми июл идома хоҳад кард. Дар ин муддат бошгоҳҳои лигаҳои олӣ ва якуми Тоҷикистон метавонанд бозигарони навро барои иштирок дар қисми дувуми мавсим ба ҳайати худ дохил намоянд.