Дар пайи боридани борони сел ва жолаи сахт, ба таҳхонаи чанд бино дар шаҳри Душанбе об даромадааст ва корҳои бартарафсозӣ идома доранд. Дар ин бора аз Раёсати ҳолатҳои фавқулодаи шаҳри Душанбе 1-уми май ба Радиои Озодӣ хабар доданд.
Манбаъ гуфт, дар ҳодисаи рӯзи гузашта ягон талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст. Мақомот мегӯянд, зарари расида аз ин офати табииро ҳисоб доранд.
Баъзе аз сокинон, махсусан аз ноҳияи Сино ба Радиои Озодӣ шикоят карданд, ки таҳхонаи бинои зист ва ҳавлиашон зери об мондааст.
Рӯзи 30-юми апрел борони сел ва жолаи сахт зиндагиву ҳаракати мардум дар шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистонро мушкил кард. Баъзе аз роҳҳо, аз ҷумла роҳҳо дар ноҳияи Сино зери об монданд ва ҳаракати нақлиёт як муддат дар онҳо номумкин шуд. Дар наворҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ мошинҳои зери об мондаро ҳам дидан мумкин аст.
Маркази обуҳавошиносӣ ҳушдор додааст, ки то 4-уми май дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон, аз ҷумла Душанбе, боронҳои сахт ва сел пешбинӣ мешавад. Аз мардум ҳам хостаанд, ки дар ин рӯзҳо эҳтиёткор бошанд.