Ба шаҳри Кӯлоб сел омад. Гузоришҳо аз ҳалокати як нафар

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Ба шаҳри Кӯлоб сел омад

Дар пайи боридани борони сахт шоми 1-уми май ба шаҳри Кӯлоб сел омад. Хабарнигори Радиои Озодӣ мегӯяд, маҳаллаҳои асосии шаҳр зери об монданд ва дастикам як нафар ба ҳалокат расидааст. Мақомот дар бораи ин ҳодиса ва фавти ин сокин расман хабар надодаанд.

"Ин сокин зери девор монда, ба ҳалокат расидааст", - гуфт хабарнигори Радиои Озодӣ.

Дар наворҳое, ки ба дасти Радиои Озодӣ дида мешавад, ки ба ғайр аз роҳҳои калон сел ба ҳавлии сокинон даромадааст.

Давоми ду рӯзи ахир Тоҷикистон шоҳиди боронҳои сахт ва омадани сел аст. Рӯзи 30-юми апрел баъди боридани борони зиёд муассисаҳо, даҳҳо хонаҳои истиқоматӣ ва заминҳои наздиҳавлигӣ аз обу лойқа пур шудаанд. Аз ҷумла ба таҳхонаи чандин манзил дар Душанбе об даромада, сокинон аз барқ ва оби ошомиданӣ маҳрум шуданд.

Маркази обуҳавошиносӣ ҳушдор додааст, ки то 4-уми май дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон, аз ҷумла Душанбе, боронҳои сахт ва сел пешбинӣ мешавад. Аз мардум ҳам хостаанд, ки дар ин рӯзҳо эҳтиёткор бошанд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Дар паи селҳои ахир дар Тоҷикистон беморхонаву мактабҳои миёна ва хонаҳову роҳҳои мошингард осеб дидаандСелу обхезӣ зарари зиёде ба Тоҷикистон расондааст "Ба таҳхона ва ҳавлиҳо об даромад". Оқибати борони сахт дар ДушанбеБорону жола ҳаракати нақлиёт ва зиндагӣ дар Душанберо сахт кард