Баъди шикоят ба мақомот волидон духтарро ба ҷавони дӯстдоштааш ба шавҳар доданд

Сандуқҳои арӯс. Акс аз бойгонӣ

Як ҷавони тоҷик бо муроҷиат ба Ваколатдори ҳуқуқи инсон аз он шикоят кардааст, ки волидони духтари дӯстдоштааш ин фарзандашонро иҷборан ба каси дигар ба шавҳар додан мехоҳанд.

Вай гуфтааст, мехост бо духтар оила бунёд кунад, вале наздикони духтар зидданд. Ин ҳолатро омбудсмени тоҷик дар гузориши махсуси худ оид ба “Вазъи риояи ҳуқуқ, баробарӣ ва барҳам додани ҳама навъҳои табъиз” нақл кардааст.

Дар гузориш, ки соли равон нашр шуд, омадааст, ваколатдор бо ҷалби кормандони ҳифзи ҳуқуқ бо волидони духтар сӯҳбат ва онҳоро аз "паёмадҳои қонунии нақзи баробарҳуқуқии шаҳрвандон" огоҳ кардаанд. Баъд аз дахолати мақомот, ҷавон бо дӯхтари дӯстдоштааш издивоҷ кардааст.

Назари волидони духтар маълум нест. Омбудсмени тоҷик дар пай аз монеагузории шахсони сеюм ба издивоҷи занону мардоне, ки ба синни никоҳӣ расидаанд, нигаронӣ кардааст.

Дар гузориш омадааст, ки ҳарчанд тибқи сарқонун, мардону занон дар ин син ҳаққи интихобу издивоҷи озодро доранд, аммо ба гуфтаи ӯ, гоҳе шахсони саввум дар ин маврид қонунро зери по мекунанд.

Дар маҷмӯъ дар соли гузашта 15 нафар ба Ваколатдори ҳуқуқи инсон аз табъиз ва нобаробарӣ шикоят кардаанд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Додгоҳ никоҳи “қалбакӣ"-и як зани тоҷикро бо марди рус бекор кардаастТалоқ дар 66-солагӣ. Қарори камсобиқаи додгоҳе дар ТоҷикистонХостгории духтари холаву аммаву тағо дар Тоҷикистон кам нашудааст