Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия қонунеро имзо кард, ки бар асоси он муҳлати ташхиси ҳатмии муҳоҷирон кам карда мешавад. Санад дар махзани қонунгузории Русия нашр шудааст.
Бар асоси ин қонун, муҳлати ташхиси ҳатмии муҳоҷирон аз 90 ба 30 рӯз кам карда мешавад.
Муҳоҷирон то ин вақт баъди ворид шудан ба Русия вазифадор буданд то 90 рӯз аз муоинаи ҳатмии пизишкон гузаранд, то маълум шавад, ки гирифтори бемориҳои хатарнок нестанд.
Яке аз дармонгоҳҳои шаҳри Маскав. Акс аз бойгонӣ
Аммо тибқи қонуни нав, муҳлати гузаштан аз ташхиси тиббӣ то 30 рӯз муқаррар шуд. Натиҷаи ташхис барои гирифтани иҷозаи кор ё патент дар Русия зарур аст.
Ин қоида аз 1-уми сентябри имсол иҷроӣ мешавад.
Қонуни нав ҳамчунин барои саркашӣ аз супоридани ташхиси ҳатмӣ аз 25 то 50 ҳазор рубл ҷарима ва ихроҷ аз Русияро пешбинӣ кардааст.
Ғайр аз ин, барои сохтакорӣ ва фурӯши маълумотномаҳои қалбакӣ то 1 миллион рубл ҷарима ва ё то чор сол зиндон пешбинӣ шудааст.
Намояндагии Вазорати меҳнат ва муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия аз муҳоҷирони тоҷик хостааст, минбаъд ҳангоми ворид шудан ба Русия талаботи нав дар бораи гузаштан аз ташхиси ҳатмиро риоя кунанд.