Баъди гузориши Озодӣ. Ҷавони бемор аз артиш ҷавоб шуд
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Дӯстмуроди Ҳамроқул, сокини 25-солаи Истаравшан, ки ба гуфтаи волидонаш бо вуҷуди беморӣ ба артиш бурда шуда буд, пас аз гузориши Радиои Озодӣ ба хонаашон баргашт. Вай қариб ду моҳро дар яке аз қисмҳои низомӣ гузаронд. Мегӯяд, санҷиши пизишкон вазъи нохуби саломатияшро тасдиқ кардааст.