Ба беҳтаринҳои Лигаи футзали Тоҷикистон-2025 ҷоизаҳо супурда шуд

Tajikistan,Dushanbe city, best of tajik futsal in 2025

Суперлигаи футзали Тоҷикистон дар маросими ҷамъбасти мавсими соли 2025, ки 11-уми феврал дар шаҳри Душанбе доир гардид, беҳтарин бозигарон, мураббиён ва ғолибони ҷоизаҳои инфиродиро муайян кард.

Ҷоизаи асосии мавсим ба капитан ё сарвони дастаи «Сипар»-и Хуҷанд Иқбол Воситзода тақдим гардид, ки беҳтарин бозигари Суперлига-2025 эътироф гардид.

Унвони беҳтарин мураббиро Пайрав Воҳидов соҳиб шуд, ки зери раҳбарии ӯ дастаи «Соро компания»-и Душавнбе дар Суперлигаи футзали Тоҷикистон ва Суперҷом ғолиб омад.

Ғолибон дар номинатсияҳои дигар низ дар ин маросим эълон гаштанд. Ба ғайр аз ин, дастаи рамзии Суперлигаи Тоҷикистон-2025 муаррифӣ шуд. Ҳамчунин сарпарастон, шарикон ва онҳое, ки дар рушд ва оммавияти футзал дар кишвар саҳми назаррас гузоштаанд, бо ҷоиза ва сипоснома қадрдонӣ шуданд.

Лауреатҳои Лигаи футзали Тоҷикистон-2025:

Беҳтарин бозигарони ҷавон – Панҷшер Давлатов (КМВА), Суннатулло Файзов («Соро компания», Душанбе).

Беҳтарин дарвозабони ҷавон – Қаюм Назаров (КМВА, Душанбе).

Ҷоизаи «Fair Play» –дастаи «Истиқлол»-и Душанбе.

Беҳтарин гурӯҳи доварон – Суҳроб Сатторов, Сафаралӣ Маҳмадизода, Абубакр Маҳмадов.

Беҳтарин легионер – Виера Де Са Фелиппе («Сипар», Хуҷанд).

Беҳтарин дарвозабон – Нуриддин Ҷабборов («Соро компания», Душанбе).

Беҳтарин нишонзан – Хусрав Холиқназаров («Сомон», Душанбе), 21 тӯб.

Беҳтарин мураббӣ – Пайрав Воҳидов («Соро компания», Душанбе).

Беҳтарин бозигар – Иқбол Воситзода («Сипар», Хуҷанд).