"Азхуд кардани пули буҷа." Тасдиқи боздошти чанд мансабдори пешини Кӯлоб

Маркази шаҳри Кӯлоб

Оҷонси зидди фасод (коррупсия) дар Тоҷикистон тасдиқ кард, ки ба зидди чанд мансабдори пешин дар шаҳри Кӯлоб бо иттиҳоми азхуд кардани пули буҷа парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Манобеи Радиои Озодӣ пештар гуфта буданд, ки дар ҷараёни тафтиши кори Бахтиёр Назарзода, шаҳрдори пешини Кӯлоб, чанде аз зердастони собиқи ӯро боздошт кардаанд.

Барот Расулӣ, муовини аввали раиси Оҷонси зидди фасод, 22-юми июн дар посухи расмӣ ба Радиои Озодӣ навишт, дар моҳҳои апрел-май "самаранок истифодабарии маблағҳои буҷет" дар ҳукумати шаҳри Кӯлобро санҷидаанд.

Ба қавли ӯ, баъд аз поёни санҷиш, алайҳи Ҳабибулло Раҳимзода, сардори собиқи Раёсати молияи Кӯлоб ва як масъули дигари ҳукумати ин шаҳр ва "намояндагони ширкатҳои хусусию молтаъминкунанда" парвандаи ҷиноӣ боз шуд. Ин афрод ба азхудкунӣ ё исрофкорӣ ва сохтакорӣ муттаҳам шудаанд.

Назари онҳо ва наздиконаш ба иттиҳом маълум нест.

Барот Расулӣ ба далели халал нарасондан ба ҷараёни тафтишот аз ироаи ҷузъиёт худдорӣ кардааст.

Дар ҳоле ки Оҷонси зидди фасод боздошти танҳо ду мансабдори пешини ҳукумати Кӯлобро тасдиқ кард, манобеи Радиои Озодӣ шумораи онҳоро бештар мегӯянд. Ба иттилои дарёфтӣ, то кунун Алишер Бобоҷонзода, муовини собиқи раиси Кӯлоб; Ҳабибулло Раҳимов, сардори собиқи Раёсати молия; Рамазон Бобоев, раиси собиқи Боғи Исмоили Сомонӣ ва Нуридини Шеравган, корманди пешини Идораи замини Кӯлоб дастгир шудаанд.

Роҳе дар канори шаҳри Кӯлоб

Ҳамчунин чанд соҳибкор, ки Оҷонсӣ аз онҳо "намояндагони ширкатҳои хусусию молтаъминкунанда" ном бурд, барои ҳамдастӣ бо кормандони пешини ҳукумати Кӯлоб дар боздошт ҳастанд.

Манобеи Радиои Озодӣ 12-уми июн гуфтанд, муфаттишони Оҷонсии мубориза бо фасод ва Додситонии вилояти Хатлон дар давраи кори шаҳрдори пешини Кӯлоб Бахтиёр Назарзода "тақсими ғайриқонунии замин, сохтакорӣ, қаллобӣ, тақсими нодурусти буҷа ва додани пора"-ро ошкор кардаанд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Тафтиш дар Кӯлоб. Боздошти зердастони Бахтиёр Назарзода баъди барканории ӯ

Бахтиёр Назарзода аз соли 2021 то моҳи январи соли 2026 раиси шаҳри Кӯлоб буд. Вай ҳоло мансаб надорад, аммо то ҳанӯз курсии худро дар Маҷлиси Миллӣ, палатаи болоии порлумон ва ҳамин тавр дахлнопазирияшро ҳифз кардааст.

Бахтиёр Назарзода ба зангҳои Радиои Озодӣ посух надод ва назараш ба ин хабар маълум нест.

Пас аз барканории Бахтиёр Назарзода аз мансаб, қарорҳои ӯ дар мавриди сохтмони бозор ва дӯконҳои тиҷоратӣ дар назди "Қалъаи Кӯлоб" бекор ва онҳо пурра тахриб шудаанд.

Аз ин пеш низ исми Бахтиёр Назарзода дар робита ба содир кардани чанд қарор дар робита ба додани замин ва суистифода аз мансаб расонаӣ шуда буд. Таҳқиқи Радиои Озодӣ дар соли 2023 нишон дода буд, ки Назарзода аз мансаб ба фоидаи ширкати худ истифода мекунад, пули андозу барқро намесупорад, муассисаву хиёбонҳоро ба номи наздиконаш гузошта, барои ситоиш аз ҳар амали ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ гурӯҳеро аз ҳисоби хабарнигорон созмон додааст.