Дар Тоҷикистон, ки 40 дар сади аҳолиашро кӯдакон ташкил медиҳанд, бо вуҷуди манъи танбеҳи ҷисмонии кӯдакону ҳаргуна зӯроварӣ ба онҳо, ҷиноят ба зидди ин табақаи осебпазиру муҳтоҷи ҳимоят камтар нашудааст.
Ба гузориши Омбудсмен ё Ваколатдори ҳуқуқи кӯдак, соли 2025 дар Тоҷикистон бештар аз 1400 ҷиноят ба зидди ноболиғон сабт шудааст. 419 ҷиноят зиёдтар дар муқоиса ба соле пеш. Ҷиноятҳо ҳам, ба гуфтаи ваколатдор, зарар ба саломатӣ, таҷовуз ба номус, азияту озори ҷинсӣ ва қатл будааст.
- Моҳи июли соли 2025 фоҷиае ҷомеаи Тоҷикистонро такон дод. Хусрави 15-соларо дар шаҳри Турсунзода падараш паси мошин баста кашид, то танбеҳ диҳад. Танбеҳ марговар буд.
- Моҳи июни ҳамон сол Мадина Ҳалимова худ ва чаҳор фарзандашро ба рӯдхона андохт. Худаш зинда монд, фарзандонаш не. Ҳамаи гунаҳкорон паси панҷара рафтанд ва кӯдакони маъсумашон ҳам зери хок.
Масъалаи муҳофизати кӯдакон аз ингуна бераҳмиҳо дар Тоҷикистон рӯзи 18-уми сентябр дар шаҳри Женева дар як қароргоҳи Созмони Милал ҳам баррасӣ шуд.
Намояндагони ҳукумат ба Кумитаи Ҳимоят аз Ҳуқуқи Кӯдакон дар Созмони Милал гузориш доданд, ки барои ҳимоят аз ҳуқуқи кӯдакон дар панҷ соли гузашта чӣ корҳоро анҷом додаанд.
“Дар натиҷаи иҷрои мунтазами вазифаҳо барои ҳимояти ҳуқуқи кӯдакон, ки садояшон дар додгоҳ шунида шавад... ва аз зӯроварӣ эмин бошанд, соли 2024 Тоҷикистон 67-умин кишвари дунё шуд, ки бар асоси қонун, танбеҳи ҷисмонии кӯдаконро манъ кард,” – гуфт Музаффар Ашӯриён, вазири адлияи Тоҷикистон.
Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Чаро кӯдаконро дар Тоҷикистон озор медиҳанд?
Ҳарчанд намояндагони Кумитаи ҳимоят аз ҳуқуқи кӯдак дар Созмони Милал ин иқдоми Тоҷикистонро ситоиш карданд, суоли муҳиме низ пурсиданд.
Айсату Алласан Муле, узви Кумитаи Созмони Милал гуфт, “мо манъи танбеҳи ҷисмонии кӯдаконро дар Тоҷикистон як қарори ҳуқуқии муҳим мешуморем. Аммо ин ислоҳот дар амал татбиқ нашудааст. Тоҷикистон бо урфу одатҳои анъанавӣ, ки зӯроварӣ ба кӯдакро як амри одӣ мешуморанд, чӣ гуна мубориза мебарад? Чӣ гуна ин қарор монеи зӯроварӣ дар оила ва ба тарбияи мусбати кӯдак мусоидат мекунад?”
Кумитаи Ҳимоят аз Ҳуқуқи Кӯдакон дар Созмони Милал, ки соли 1991 таъсис ёфтааст, назорат мекунад, ки дар саросари ҷаҳон ҳуқуқи тамоми кӯдакон муроот шавад ва ҳар кишвар вазифадоранд, ки дар панҷ сол як бор ба он гузориш диҳанд, ки барои муҳофизати кӯдакону риояти ҳуқуқи онҳо чӣ тадбир андешида ва ё чӣ кори муфиде кардаанд.
Тоҷикистон бори дигар дар ин нишасти бонуфуз ваъдаи онро дод, ки ҳарчӣ бештар аз ҳуқуқи кӯдакон дифоъ хоҳад кард. Иҷрои ваъдаҳои нав пас аз панҷ сол дар ҳамин кумита баррасӣ хоҳад шуд.