Аз сарвазири Гурҷистон хостанд, қонуни "агентҳо"-ро пас бигирад

Тбилиси, 11-уми майи 2024

18 созмони байнулмилалии рӯзноманигорӣ ва ҳуқуқи башар аз сарвазири Гурҷистон хостаанд, ки тарҳи қонунро дар бораи "агентҳои хориҷӣ" пас гирифта, амнияти хабарнигорон ва озодии матбуотро дар ин кишвар таъмин кунад.

Номаи муштарак рӯзи 10-уми май нашр шуд.

Муаллифон қонуни навро дар Гурҷистон василае “барои таҳқиру бадном кардан ва фишор овардан” донистаанд, ки “дар ниҳоят садоҳои мустақилро хомӯш мекунад”.

Тарҳи қонуни ҷанҷолиро Ҳизби ҳокими “Орзуи гурҷӣ” пешниҳод кардааст.

Норозиён онро ба қонуни “агентҳои хориҷӣ” дар Русия монанд карда, ба зидди пазируфта шуданаш эътироз доранд.

Гурҷистон дар соли 2008 ва пас аз як ҷанги кӯтоҳ бо Русия ва аз даст додани қисме аз қаламравҳояш ҳамкориро бо Аврупо бештар карда буд. Ҳоло мухолифон мегӯянд, бо қабули ин қонун Гурҷистон худашро ба Русия наздик мекунад.

Бо вуҷуди мухолифатҳо, аксар вакилони Гурҷистон дар ду даври хониш барои қабули қонуни нав "ҳа" гуфтаанд.