Аз Олмон хостанд, як мухолифи тоҷикро ба Душанбе надиҳад

Саидтаиб Саидмамудов соли 2022 ба Олмон рафтааст

Намояндагони ду созмони байнулмилалии ҳомии ҳуқуқ аз мақомоти Олмон хостаанд, ки Саидтаиб Саидмамудов, яке аз фаъолони ҷомеаи Помириҳо қариб чор дарсади аҳолии Тоҷикистонро ташкил медиҳанд. Онҳо пайрави мазҳаби исмоилӣ (шиа) буда, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳастанд. ва иштирокдори намоишҳои эътирозии зидди раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба Душанбе ихроҷ накунад. Ҳоло ӯ дар боздоштгоҳе дар шаҳри Ҳофи Бавария аст. Саидмамудовро рӯзи 19-уми октябр имсол дастгир кардаанд.

Лайло Нозгул Саидбек

Лайло Нозгул Саидбек, раиси созмони Freedom For Eurasia, 3-юми ноябр дар паёме дар шабакаи “Х” навишт, “боз як мухолифи дигари тоҷик дар Олмон бо таҳдиди ихроҷ ба Тоҷикистон рӯбарӯст.” Вай афзудааст, мисолҳои зиёде ҳастанд, ки чӣ гуна баргардондани мухолифон ба Тоҷикистон бо муҳлатҳои тӯлонии зиндони онҳо анҷом ёфтааст.

Мақомоти Олмон ҳамагӣ чанд рӯз пеш дар посух ба як дархости ҷиноҳи Ҳизби чап дар порлумони он кишвар гуфтаанд, аз аввали имсол то моҳи август 27 шаҳрванди Тоҷикистонро ихроҷ кардаанд. Аммо онҳо тафсилот надодаанд, ки ин афрод кӣ буданд ва далели ронда шуданашон чист.

Ҳю Вилямсон, намояндаи Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch), бо таваҷҷуҳ ба хатари зиндон ва бадрафтоии мақомот дар Тоҷикистон, аз ҳукумати Олмон даъват кардааст, ки парвандаи Саидтаиб Саидмамудовро бознигарӣ кунад.

Ҳю Вилямсон

“Ӯ, ки дар эътирозҳо алайҳи ҳукумати Тоҷикистон ширкат дошт, бино ба гузоришҳо, ҳоло дар боздоштгоҳ ва дар остонаи ихроҷ қарор дорад,” – навиштааст Вилямсон. Ишораи ин ҳомии ҳуқуқ ба намоишҳои эътирозӣ дар моҳи сентябри соли 2023 дар Берлин аст, ки дар остона ва ҳангоми сафари раисҷумҳури Тоҷикистон ба маркази Олмон сурат гирифта буд.

Радиои Озодӣ то ҳол шарҳи мақомоти Олмонро дар бораи боздошти Саидтаиб Саидмамудов надорад. Ду намояндаи ҷомеаи помириҳо дар Аврупо бо шарти фош нашудани номашон гуфтанд, ӯ баъди ду посухи рад ба дархости паноҳандагияш аз Олмон ба Фаронса рафт ва аз онҷо баргардонда шуду ҳоло дар боздоштгоҳ мунтазири қарори додгоҳ аст.

Ин ҳолат дар қазияҳои монанд дар гузашта нақз ё поймоли созишномаи Дублин маънидод шудааст. Бино ба ин созишнома, ҳар паноҳҷӯ бояд то замони дарёфти санад дар кишваре, ки бори аввал тавассути он ба хоки Аврупо ворид шудааст, бояд мунтазир бимонад.

Фарҳод Одинаев, яке аз намояндагони мухолифин, дар суҳбат бо Радиои гуфт, талош доранд, ки бо ёрии вакили мудофеъ монеи фиристода шудани Саидтаиб Саидмамудов ба Тоҷикистон шаванд. Ҷое, ки ба гуфтаи ӯ, “зери шиканҷа қарор хоҳад гирифт.”

“Ӯ дар тазоҳуроти рӯзҳои 28 ва 30-юми сентябри 2023, ки президенти Тоҷикистон ба Олмон сафар карда буд, иштирок дошт. Саидтаиб Саидмамудовро як фаъоли сиёсии ватандӯст ва шахси боэътимод мешиносем,” – афзуд ӯ рӯзи 4-уми ноябр.

Саидтаиб Саидмамудов соли 2022 аз Русия ба Олмон кӯчидааст. Ин замонест, ки зодгоҳаш, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, саҳнаи тазоҳурот ва саркӯби мардуми норозӣ буд ва, ба қавли фаъолони ҷомеаи помириҳо, аз он вақт зери фишори мақомоти Тоҷикистон ҳастанд.

Инро ҳам бинед:

Хотираҳо ва гусастагӣ. "Дунёи зиндагии помириҳо" аз нигоҳи Фиона Наим

Олмон аз соли 2015 ба ин тараф ба макони кор ва паноҳҷӯии шуморе аз шаҳрвандони Тоҷикистон табдил шудааст.

Ба маълумоти расмӣ, то охири моҳи августи соли 2026 тақрибан 13 ҳазор тоҷикистонӣ дар ин кишвари аврупоӣ қарор доштанд. Ҳоло 1074 нафари онҳо вазифдадор шудаанд, ки қаламрави Олмонро тарк кунанд. Ихроҷи маҷбурӣ ба дастикам 152 нафар таҳдид дорад.

Бо вуҷуди танқиди созмонҳои байнулмилалӣ, аз ҷумла Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch), мақомоти Олмон дар солҳои охир чанд фаъоли мухолифинро ба Тоҷикистон рондаанд.

Қазияи Асадулло Бобоев, узви Ҷунбиши мухолифи ислоҳот ва рушди Тоҷикистон, яке аз мавридҳои охир аст. Вай моҳи июни имсол аз Олмон ронда ва дар Тоҷикистон боздошту ба 17 сол зиндон маҳкум гардид. Худаш қаблан дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, ки ҳарчанд ба далели мушкил дар санадҳояш дастгир шудааст, аз он ки дар Тоҷикистон барои фаъолиятҳои сиёсияш ҳабсу шиканҷа хоҳад шуд, нигарон аст.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Таҳдиди ихроҷ аз Олмон боз ба як мухолифи дигари тоҷик