Раиси Думаи давлатӣ ё порлумони Русия гуфтааст, муҳоҷироне, ки барои кор ба ин кишвар мераванд, бояд аъзои оилаи худро набаранд.
Вячеслав Володин ҳузури муҳоҷиронро бо аъзои оилаашон бори гарон ба бахши иҷтимоии Русия номида, аз Вазорати рушди иқтисод хостааст, қонунгузории кишварҳои дигарро дар ин маврид биомӯзанд.
Масъалаи маҳдуд кардани вуруди аъзои оилаи муҳоҷирони корӣ дар Русия бори аввал матраҳ намешавад.
Соли гузашта вазири рушди иқтисод Максим Решетников гуфта буд, ки Русия ба шеваи нави муҳоҷирати корӣ, яъне "омад, кор кард ва рафт", мегузарад.
Аз 1-уми январи соли 2027 пардохти молиёт ё андоз барои ҳамсар ва фарзандони муҳоҷирон дар Русия низ ҳатмӣ мешавад.
Думаи давлатӣ дар ду-се соли охир даҳҳо қонуну муқаррароти зидди муҳоҷиронро қабул кардааст.
Ангезаи расмии он – ҳамла ба толори консертии "Крокус" дар баҳори соли 2024 буд, ки иҷрокунандагони онро асосан шаҳрвандони Тоҷикистон номиданд. Баъзе аз онҳо ва наздиконашон иттиҳомро напазируфтанд.
Ҳамзамон чунин андешае ҳам вуҷуд дорад, ки мавзӯи муҳоҷирон дар Русия, ки инак беш аз панҷ сол аст даргири ҷанги бедурнамое бо Украина шудаву харҷи зиндагӣ барои аҳолии маҳаллиаш сангинтар мешавад, мехоҳад бо мавзӯи муҳоҷират таваҷҷӯҳро аз ҷанг дур барад.