Вазорати нақлиёти Тоҷикистон хабар додааст, ки аввалин қатораи санҷишӣ дар хатсайри Чин-Тоҷикистон ба роҳ баромад.
Вазорат 23-юми феврал дар хабарномае навишт, қатор 17-уми феврал ба роҳ баромада, давоми 18-20 рӯз ба Душанбе мерасад.
Дарозии умумии хатсайри Чин-Тоҷикистон зиёда аз 3 500 километр гуфта мешавад ва ин роҳ аз қаламрави Чин, Қирғизистон, Узбекистон ва Тоҷикистон мегузарад.
Ба иттилои вазорат, қатор молҳои мавриди ниёзи мардум ва техникаи сохтмониро ба Тоҷикистон меорад.
Роҳандозии ҳаракати қатораҳо дар масири Чин-Тоҷикистон аз сӯи ширкати "UTK International Logistics Co. Ltd" амалӣ карда мешавад. Ин ширкати муштараки Чин ва Узбекистон мебошад, ки соли 2025 ташкил шудааст.
Чин яке аз шарикони асоси тиҷоратии Тоҷикистон мебошад ва молу колои ду кишвар аз тариқи нақлиёт интиқол дода мешавад.