Иттиҳоди Аврупо аз пазироии Путин дар Тоҷикистон изҳори таассуф кард

Владимир Путин, ки барои ҷанги қариб панҷсолааш дар Украина зери танқиду таҳримҳои байналмилалӣ аст, охири ҳафтаи гузашта дар Тоҷикистон буд

Иттиҳоди Аврупо мизбонии дигарбораи Тоҷикистонро аз Владимир Путин, президенти Русия, ки ба ҷинояти ҷангӣ муттаҳам аст ва Додгоҳи Байнулмилалии Ҷиноӣ (ICC) ҳам дастури боздошти ӯро содир кардааст, танқид кард.

Путин рӯзҳои 19 ва 20-уми ноябр дар Тоҷикистон буд ва бо раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон мулоқоти расмӣ ва худмонӣ дошт. Ду тараф ба таври умумӣ гуфтанд, ки дар бораи додугирифт, вазъ дар сарҳади Афғонистон, идомаи ҳузури пойгоҳи 201-и Русия дар Тоҷикистон ва муҳоҷирати кориву масоили дигар суҳбат карданд, аммо ҷузъиёт надоданд. Сабаби асосии ин сафар, ки яке аз манбаъҳои Радиои Озодӣ дар Тоҷикистон “бисёр ногаҳонӣ” номид, ҳамчунон рӯшан нест.

Generic – Flags of Ukraine and European Union (EU)

Иттиҳоди Аврупо рӯзи 22-юми ноябр бо нашри изҳороте аз он дареғ хӯрдааст, ки Тоҷикистон бори дигар Владимир Путинро пазироӣ кард. Шахсе, ки Додгоҳи Байналмилалии Ҷиноӣ (ICC) бо иттиҳоми ихроҷ ва интиқоли ғайриқонунии кӯдакон аз минтақаҳои муваққатан ишғолшудаи Украина дастури боздошташро содир кардааст.

"Тоҷикистон бо ин иқдом ба уҳдадориҳои худ дар доираи Оинномаи Руми Додгоҳи Байналмилалӣ амал накард," – гуфта шудааст дар изҳорот.

Ниҳоди иборат аз 27 кишвари аврупоӣ афзудааст, ҷиноятҳои пешбинишуда дар Оиннома ё Статути Рум, ки ба сулҳ, амният ва некӯаҳволии ҷаҳон таҳдид мекунанд, набояд беҷазо монанд: "Аз ҳамаи давлатҳо даъват мекунем, ки ҳамкории пурраро бо Додгоҳ, аз ҷумла барои иҷрои фаврии дастури боздоштҳои нотамом ба роҳ монанд."

Мақомоти Тоҷикистон то ҳанӯз ба изҳороти Иттиҳоди Аврупо вокуниш накардаанд. Вакилони Маҷлиси Намояндагон ё палатаи поёнии порлумони Тоҷикистон, ҳанӯз моҳи октябри имсол узвияти кишварро дар Додгоҳи Байналмилалии Ҷиноӣ қатъ карданд. Пештар ҳуқуқдони тоҷик Фаридун Саидзода гуфта буд, ки қабули қарор кофӣ нест ва муҳлати яксолаи хуруҷ аз додгоҳ танҳо аз рӯзи гирифтани огоҳиномаи расмӣ оғоз мегардад. “То замоне ки раванди хуруҷ ба анҷом нарасидааст, Тоҷикистон узви додгоҳ мемонад ва уҳдадориҳои худро дар назди он бояд иҷро кунад,” – гуфта буд ӯ.

Инро ҳам бинед:

Вилямсон: Тасмими Тоҷикистон бар зарари кишвар ва мардуми он аст

Дар ҳамин ҳол, Шӯрои Аврупо дар эъломияи ҷудогона рӯзи 22-юми ноябр аз қарори Тоҷикистон дар бораи расман хориҷ шудан аз Оинномаи Рум ибрози таассуф карда, аз Душанбе ба таври қатъӣ хостааст, ки қарори худро дар бораи берун шудан аз узвияти Додгоҳи Байналмилалии Ҷиноӣ бозбинӣ кунад.

"Узвияти Тоҷикистон пойбандии ин кишварро ба назми байналмилал, аз ҷумла адолати байналмилалӣ нишон медод. Инҳо арзишҳои бунёдие ҳастанд, ки Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон онҳоро эътироф мекунанд ва дар меҳвари робитаҳои мо қарор доранд," – гуфта шудааст дар эъломия.

Иттиҳоди Аврупо Додгоҳи Байналмилалии Ҷиноиро “санги асоси низоми адолати байналмилал” номида, гуфтааст “Додгоҳ давлатҳоро ҳадаф қарор намедиҳад ва ба соҳибихтиёрии онҳо таҳдид намекунад. Аз ҳамаи давлатҳо даъват мекунем, ки ҳамкории пурраро бо Додгоҳ таъмин намуда, истиқлол, беғаразӣ ва фаъолияти муассири онро нигоҳ доранд.”

Қаблан мақомоти Нигер, Буркина-Фасо, Малӣ, Чад ва Венесуэла низ оғози раванди хуруҷи худро аз Оинномаи Рум эълон кардаанд. Иттиҳоди Аврупо гуфтааст, “бар асоси моддаи 127-и Оинномаи Рум, хориҷ шудан аз он давлатро аз иҷрои уҳдадориҳои давраи узвияташ озод намекунад, аз ҷумла ҳамкорӣ бо Додгоҳ дар тафтишот ва мурофиаҳои ҷиноятие, ки то рӯзи расман қатъ шудани узвият оғоз ёфтаанд.”

Тоҷикистон қонунро "Дар бораи амали Низомномаи Суди Байналмилалии Ҷиноятӣ" ё “Статути Румӣ” 5-уми майи соли 2000 қабул кардааст ва кишвар аз соли 2002 расман узви комилҳуқуқи он ба ҳисоб меравад.

Қарори Тоҷикистон барои ихроҷ шудан аз узвияти Додгоҳ панҷ моҳ баъд аз он сурат гирифт, ки ин додгоҳ бо танқиди ҳукумати Тоҷикистон барои боздошт накардани Владимир Путин дар шаҳри Душанбе гуфт, парвандаи ин амалкарди Тоҷикистонро барои баррасии минбаъда дар ихтиёри тамоми кишварҳои узв гузоштааст.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

"Оинномаи Румро вайрон кард". Қарори Додгоҳи Гаага дар бораи Тоҷикистон

Додгоҳи Байналмилалии Ҷиноӣ, ки Владимир Путинро ба ҷиноятҳои ҷангӣ, аз ҷумла ихроҷи ғайриқонунии кӯдакон аз минтақаҳои ишғолии Украина муттаҳам мекунад, ҳанӯз соли гузашта аз Тоҷикистон хоста буд, ки зимни сафари Путин ба Душанбе ӯро дастгир кунад. Путин аз 8 то 12-уми октябри соли 2025 барои ҳузур дар нишасти сарони кишварҳои муштаракулманофеъ дар пойтахти Тоҷикистон қарор дошт.

Аммо ҳукумати Тоҷикистон гуфт, ин дархостро иҷро карда наметавонад, зеро Путин аз масуният ё дахлнопазирӣ бархурдор аст ва Тоҷикистон бе ризояти Русия ҳеч яке аз мақомҳои баландпояи ин кишварро дастгир карда наметавонад. Ба назар мерасад, Душанбе бо хуруҷ аз Додгоҳи Байналмилалӣ мехоҳад, худро аз кашмакашҳо дур кунад, аммо Иттиҳоди Аврупо гуфтааст, ҳамкориро бо Тоҷикистон “бо ҳадафи таҳкими пойбандии муштарак нисбат ба ҳуқуқи байналмилалӣ, масъулиятпазирӣ ва ҳамкории бисёрҷониба” идома хоҳад дод.

Додгоҳи Байнулмилалии Ҷиноӣ дар шаҳри Гаага ё Ҳейг дар Ҳолланд қарор дорад ва ҷиноятҳои сахт ба мисли наслкушӣ ва ҷиноятҳои ҷангиро таҳқиқ мекунад.