Аврупо чанд номи навро ба рӯйхати таҳримҳо алайҳи Русия ворид мекунад 

Акс аз бойгонӣ

Сафирони Иттиҳоди Аврупо розӣ шудаанд, ки чанд ширкат ва шахсони алоҳидаи дигар ба рӯйхати таҳримҳои зидди Русия дохил карда шаванд. Дар ин бора хабарнигори Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ рӯзи 10-уми декабр гузориш дод.

Дар санаде, ки Радиои Озодӣ дид, соҳибкори озарбойҷонӣ Талъат Сафаров ба рӯйхат ворид карда хоҳад шуд. Интизор меравад, ҳуҷҷат дар охири ҳафта пазируфта шавад.

Сафаров мудири кулли ширкати “2Rivers Group” дар Имороти Муттаҳидаи Араб аст ва ба иттилои Брюссел “дар интиқолу содироти нафти Русия, бавижа аз ширкати Роснефт фаъол аст”. Қаблан Бритониё алайҳи ӯ таҳрим ҷорӣ карда буд.

Соҳибкори покистонӣ, Муртазо Алӣ Лахонӣ, низ барои назорати “киштиҳое, ки маҳсулоти нафтиро аз Русия интиқол медиҳанд”, ба рӯйхати таҳримҳо ворид карда мешавад. Вай ҳамзамон ба идора кардани киштиҳо бе бимаи муносиб ва хомӯш кардани низоми пайгирии онҳо муттаҳам аст.

Қарор аст, чанд ширкати русӣ, як ширкати ветнамӣ ва ду ширкати воқеъ дар Имороти Муттаҳидаи Араб, ки гуё бо флоти соягии Русия пайванд доранд, таҳрим карда хоҳанд шуд.

Чанд нафаре, ки ба бовари Иттиҳоди Аврупо дар паҳн кардани иттилооти нодуруст дар ҷаҳон масъуланд, низ ба рӯйхат изофа мегарданд. Инҳо сиёсатшиносон ва коршиносони сиёсати байнулмилалӣ Дмитрий Суслов, Фёдор Лукянов ва Андрей Сушентсов ҳастанд, ки ҳамагӣ бо Клуби Валдайи тарафдори Кремл иртибот доранд.

Ин рӯйхат як гурӯҳ аз хориҷиёнро низ дар бар мегирад, ки ба қавли Брюссел акси садои Русия ҳастанд. Дар байни онҳо Ҷон Марк Дуган, афсари собиқи пулиси Флорида ва шаҳрванди Амрикову Русия; сарҳанги собиқи артиши Швейтсария Жак Бо ва афсари бознишастаи фаронсавӣ Ксаве Моро ҳастанд.

Кишварҳои ғарбӣ аз моҳи феврали соли 2022, замоне ки Русия ба хоки Украина таҷовуз кард, алайҳи Маскав ва шариконаш таҳримҳои сахт ҷорӣ кардаанд.