"Асри мо" дар Хуҷанд "Ҷумъабозор"-ро аз худ кардааст. Чӣ гуна?

"Ҷумъабозор" дар наздикии соҳили дарёи Сир, дар як маҳаллаи серхаридори Хуҷанд, ҷойгир аст

Соҳибони калонтарин бозори масолеҳи сохтмон дар шаҳри Хуҷанд, машҳур ба "Ҷумъабозор", шикоят доранд, ки мулки онҳо бо роҳи, ба гуфтаашон, "ғасби рейдерӣ" ба дасти касони дигар мегузарад.

Дар қарор чӣ навиштаанд?

Шаҳрдории Хуҷанд, маркази вилояти Суғд, чанде пеш ин мулкро ҳамчун дороии ширкати “Асри мо” ҳуҷҷат кардааст. Дар бораи “Асри мо” иттилои кофӣ дар даст нест. Бино ба чанд ҳуҷҷати ёфтшуда дар манбаъҳои боз, ин ширкат ба бунёди баландошёнаҳо дар Душанбе машғул аст.

Аминҷон Ҷӯраев, бунёдгузори ширкати “Ваҳдат” ва молики “Ҷумъабозор”, мегӯяд, ин бозорро дар соли 2010 аз Иттифоқи Тоҷикматлубот харидааст ва он атрофи 8 гектар заминро дар бар мегирад.

Аминҷон Ҷӯраев

“Бояд фикри моро мегирифтанд. Дар инҷо миллионҳо сомонӣ сармоягузорӣ кардем. Соҳибмулк ҳастем. Ҳудуди 50-60 ҳазор метри мараббаъ иншоот дорем. Ҳамаи инро ба як ширкат додаанд. Инро чӣ хел фаҳмем, намедонам. Дар “Ҷумъабозор” аз 400 то 500 соҳибкор фаъолият мекунанд,” – гуфт ӯ рӯзи 27-уми июл ба Радиои Озодӣ.

Қарори шаҳрдори Хуҷанд Фирдавс Шарифзода рӯзи 21-уми июл содир шудааст. Бар пояи он, “ҳуқуқи истифодаи замин барои соҳибмулки воқеӣ қатъ гардида, он барои эҳтиёҷи давлатӣ ё ҷамъиятӣ гирифта мешавад”.

Дар идомаи қарор омадааст, ки дар ин ҷо “барои сохтани 6 бинои 22-ошёна ва 14 бинои 24-ошёна ба ширкати “Асри мо” иҷозат дода шудааст. Султон Бурҳонов, ҳуқуқдони ширкати “Ваҳдат”, мегӯяд, “дар инҷо аксари қонунро вайрон кардаанд. Шиносномаи техникӣ ҳаст, ҳуҷҷати молу мулк ҳаст, сохтмон рафта истодааст. Ман намедонам, ҳангоми баровардани қарор кадом қонунро риоя кардаанд?”

“Аз як соҳибкор ба соҳибкори дигар. Эҳтиёҷоти давлат?”

“Агар ягон иншооти стратегӣ ё роҳу пул ва ё бинои давлатӣ сохтанӣ бошанд, бояд соҳибмулкро даъват карда, ба заминаш мувофиқ замин ё ҷуброн диҳанд. Баъд мо ариза навишта, аз замин даст мекашем. Барои эҳтиёҷоти давлат аз як соҳибкор гирифта, ба соҳибкори дигар додан мешавад?” – суол гузошт Аминҷон Ҷӯраев.

"Ҷумъабозор"

Хабарнигори Радиои Озодӣ ба намояндагони ширкати “Асри мо” дар шаҳри Хуҷанд дар мавриди ин қазия муроҷиат кард, вале онҳо аз додани ҳама гуна ҷузъиёт худдорӣ карда, гуфтанд, идораи асосии ширкат дар Душанбе қарор дорад. Суроғаи ширкатро надоданд.

Тасмими сохтмони баландошёнаҳо дар минтақаи “Ҷумъабозор” аз сӯйи ширкати “Асри мо” дар ҳолест, ки худи моликони бозор аз соли 2017 дар атрофи он ба бунёди хонаҳои истиқоматӣ машғуланд ва барои идомаи ин иқдом санадҳои ибтидоиро ба даст овардаанд.

Аминҷон Ҷӯраев гуфт: “Бунёди 23 бинои баландошёнаро ба нақша гирифтем. Ин дар нақшаи генералии шаҳр ҳам тасдиқ шудааст. Бо Шӯрои шаҳрсозии вилоят ва Шӯрои шаҳрсозии Кумитаи меъморӣ ва сохтмони ҷумҳурӣ ҳам мувофиқа кардаем.”

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Бозори машҳури "Панҷшанбе" моли кӣ шуд? Таҳқиқи Радиои Озодӣ

Додгоҳ чӣ гуфт?

Додгоҳи иқтисодии вилояти Суғд рӯзи 16-уми июл бо даъвои Аминҷон Ҷӯраев ҳама гуна амалиётро вобаста ба иншооти мавҷуда манъ кардааст. Ҳарчанд қарори шаҳрдори Хуҷанд баъди он содир шудааст, охири ҳафтаи ҷорӣ интизор меравад мурофиаи дигари додгоҳӣ шуруъ гардад.

Вақтҳои охир парвандаҳои даъвои замин ва моликият ва ҳам рақобатҳои носолим дар байни бинокорони баландошёнаҳо дар маркази вилояти Суғд ба авҷ расидаанд.

Бозори "Панҷшанбе"

Дар гузашта иваз шудани соҳибмулкони баъзе аз бозорҳои сергардиши Тоҷикистон низ боис ба нигарониҳо гардида буд. Панҷ сол пеш муҷтамаи "Панҷшанбе", яке аз куҳантарин бозорҳои Осиёи Марказӣ ва аз рамзҳои шаҳри Хуҷанд, пас аз 21 соли хусусӣ шуданаш бо шеваи мармузе аз даст ба даст гузашт ва шикоятҳои зиёде ба бор овард. Нуфузи соҳибони нави он сабаб гашт, ки шикоятҳо ба ҷое нарасанд.

Ҳоло қазияи "Ҷумъабозор" ин суолро ба миён овардааст, ки "Асри мо" аз кист ва аз чӣ пуштибоние баҳравар аст, ки ба назар мерасад бисёр ба осонӣ як минтақаи серхаридори Хуҷандро дар наздикии соҳили дарёи Сир ба даст овардааст.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Моликон исрор меварзанд, ки "Ҷумъабозор"-и Хуҷанд ғайриқонунӣ ғасб мешавад