Асадулло Бобоев, як намояндаи мухолифини ҳукумат, ки аз Олмон ба Тоҷикистон ронда шуда буд, дар Душанбе ба 17 сол зиндон маҳкум шудааст. Ҳукмро Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт ҳанӯз 21-уми сентябр содир карда, Радиои Озодӣ баъзе ҷузъиёти онро 19-уми октябр дастрас намуд.
Кӯшиши мо барои тамос бо намояндагони додгоҳ то ин дам бенатиҷа буд. Ду манбаи огоҳ, ки ному ҷойи корашон ба далели амниятӣ фош намешавад, ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ӯ бар асоси се банди Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, аз ҷумла "тундгароӣ ба воситаи интернет" аз озодӣ маҳрум карда шудааст.
"Додситон ба ӯ 21 сол зиндон талаб кард. Додрас ҳангоми эълони ҳукм гуфт, ки Асадулло Бобоев ҳабдаҳ сол дар зиндон мемонад," – гуфт яке аз мусоҳибони мо.
Ӯ афзуд, "мурофиаи додгоҳии Асадулло Бобоев ба таври боз сурат гирифта, ду бародараш дар он ҷо ҳузур доштанд." Радиои Озодӣ барои дарёфти шарҳи бештар ба наздикони Асадулло Бобоев ҳам муроҷиат кард, вале онҳо ба сабаби пеш наомадан мушкил дар кору зиндагии худ аз суҳбат худдорӣ карданд.
Маълум нест, Асадулло Бобоев дар додгоҳ чӣ гуфтааст ва оё барои бознигарии ҳукм муроҷиат кардааст ё не. Як манбаи огоҳи Радиои Озодӣ гуфт, аз эълони ҳукми ин намояндаи мухолифин қариб як моҳ мегузарад, вале шикояти ӯ ё наздиконаш ба зинаи болоии додгоҳ дастрас нашудааст.
Ҷунбиши ислоҳот ва рушди Тоҷикистонро соли 2018 дар Амстердам таъсис додаанд. Раҳбараш Шарофиддин Гадоев, яке аз мухолифони ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон аст. Ҳадафи созмонро бунёди як кишвари қудратманду озод ва муосир дар Тоҷикистон меноманд.
Бобоев пеш аз ронда шуданаш чӣ гуфт?
Асадулло Бобоеви 54-сола, узви ҷунбиши мухолифи ислоҳот ва рушди Тоҷикистон, сарфи назар аз нигарониҳо аз эҳтимоли шиканҷа ва зиндонӣ шудан, моҳи июни имсол аз Олмон берун карда шуд.
Пайвандонаш танҳо моҳи август хабар ёфтанд, ки ӯ дар Боздоштгоҳи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе аст. Мақомоти Тоҷикистон дар бораи дар куҷо ва дар чӣ ҳол будани Бобоев ва инак ҳукми ӯ ҳеч гоҳ иттилоъ надодаанд. Вазири корҳои дохилӣ, Рамазон Раҳимзода, моҳи июл ҳангоми нишасти матбуотӣ гуфт, дар бораи Асадулло Бобоев “хабар надорад”.
Асадулло Бобоев ҳамроҳи аъзои хонаводааш аз соли 2017 дар Аврупо мезист. Вай пеш аз ихроҷ шуданаш ба Тоҷикистон дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, ки маъмурони Хадамоти муҳоҷирати Олмон ӯ ва писари 19-солааш Муҳаммадро барои мушкил дар санади иқомат ва ба поён расидани муҳлати зист боздошт карда, ба Душанбе мефиристанд. Аз он нигарон буд, ки узви Ҷунбиши ислоҳот ва рушд, як созмони мухолифи ҳукумат аст ва дар Тоҷикистон ӯро ба тундгароӣ гумонзад медонанд.
Мақомоти Тоҷикистон писари Асадулло Бобоевро баъди расиданаш ба Душанбе ба модарбузургаш супоридаанд. Ҳамсар ва як духтари Бобоев дар Аврупо ҳастанд.
Пурсишҳо аз ҳукумати Олмон
Дидбони Ҳуқуқи Башар ё Human Rights Watch моҳи июли имсол мақомоти Олмонро барои ба Тоҷикистон бозпас фиристодани Асадулло Бобоев танқид карда буд. Ин созмони муътабари ҳомии ҳуқуқ навишта буд, ки Асадулло Бобоев барои танқидҳояш аз ҳукумати Тоҷикистон ҳадаф қарор гирифтааст ва “Олмон бояд баррасӣ кунад, ки чаро ӯ дар чунин шароит ронда шуд ва ҳам дар мавриди боздошташ ба мақомоти Тоҷикистон фишор оварад.”
Дертар ҷиноҳ ё фраксияи Ҳизби чап дар Бундестаг ё порлумони Олмон ҳам аз ҳукумати ин кишвари аврупоӣ хост, чӣ гуна ба Душанбе ронда шудани Асадулло Бобоевро шарҳ диҳад, аммо ба назар мерасад то кунун посухе нагирифтааст.
Бори аввал нест, ки мақомоти Олмон намояндагони мухолифин ё мунтақидони ҳукумати Эмомалӣ Раҳмонро ба Душанбе мефиристанд.
Олмон дар гузашта Абдуллоҳи Шамсиддин, Билол Қурбоналиев ва Дилмурод Эргашев, намояндагони дигари созмонҳои мухолифи ҳукуматро низ ба Тоҷикистон фиристода буд. Ҷое, ки онҳо бо иттиҳомҳои, ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқ, сохта аз 7 то 10 сол зиндонӣ гаштанд.
Шумораи умумии шаҳрвандони Тоҷикистон дар Олмон дақиқ нест. Сафири ин кишвари аврупоӣ дар Душанбе ду сол пеш ба Радиои Озодӣ теъдоди онҳоро зиёда аз 30 ҳазор номбар карда, вале омори паноҳҷӯён ва мухолифони ҳукуматро нагуфта буд. Олмону Лаҳистону Литва аз соли 2015 ва баъд аз саркӯби мухолифону маҳдудтар гаштани озодии баёну виҷдон дар Тоҷикистон ба маконҳои паноҳҷӯии тоҷикони норозӣ табдил гаштаанд.