Нархи тило дар бозорҳои ҷаҳонӣ ба таври қобили мулоҳиза поин шудааст.
Рӯзи 11-уми июн нархи ҳар унси тило (28,35 грам) ба 4058 доллар баробар шуд, ки поинтарин нарх дар соли равон аст. Бори охирон тило дар моҳи ноябри соли гузашта чунин нарх дошт.
Коҳиши нархи тило дар як моҳи охир суръат гирифтааст. Рӯзи 11-уми май нархи ҳар унси тило 4739 доллар буд, ки дар қиёс ба нархи имрӯза 681 доллар зиёдтар аст.
Дар пайи пойин рафтани нархи тило дар бозорҳои ҷаҳонӣ, Бонки миллии Тоҷикистон низ арзиши сабикаҳои тилоиро паст кард. Рӯзи 11-уми июн нархи сабикаи 5-грамӣ дар Бонки миллӣ 6464 сомонӣ муайян шудааст. Се рӯз пеш ин сабика ҳудуди 6900 сомонӣ арзиш дошт.
Дар миёнаҳои моҳи марти имсол нархи 5 грам сабика ё “хишти” тилоӣ ба 8200 сомонӣ расида буд.
Идомаи таниш дар Ховари Миёна, муҳосираи дарёии Эрон аз сӯи Амрико, болоравии нархи нафт, устувор шудани қурби доллар ва нигаронӣ аз боло рафтани арзиши баҳраҳои бонкӣ дар Иёлоти Муттаҳида аз сабабҳои асосии паст шудани нархи тило гуфта мешавад.