Аржанг ва ё кошикориҳои Душанбе куҷо мешаванд?

Дар пойтахти Тоҷикистон, ки сохтмони биноҳои истиқоматӣ бо суръати баланде идома дорад, ҳунармандону меъморонро як чиз нигарон кардааст. Аз байн рафтани осори зебое, ки арзиши ҳунарӣ доранд. Он ҳам аржангҳоест, ки дар замони шӯравӣ сохта буданду намунае аз осори меъморӣ дониста мешуданд.

Яке аз кошикориҳои биноҳои замони шӯравӣ дар шаҳри Душанбе аҳамияти хондани китоб ва илму донишро инъикос кардааст. Чизе, ки шикоят аз беаҳамиятӣ ба онҳо дар Тоҷикистон зиёд аст.

Кошикории дигар дар яке аз биноҳои дигари пойтахти Тоҷикистон, дастовардҳои замони шӯравиро нишон медиҳад ва низ шоирону донишмандони тоҷикро.

Шояд то чанд вақти дигар ин кошикориҳоро дигар надид, зеро ин бинои қадимаро вайрон мекунанд ва ба ҷойи он баландошёна месозанд. Сокинонаш мегӯянд, кош ин кошикориҳоро як навъ нигаҳ медоштанд.

Раҳмон Сотиев, сокин яке аз ин биноҳо мегӯяд: "Ҳамин кошикориҳоро агар дуруст гиранд, чида бигиранд, боз дар ҳамон иморате, ки инҷо месозанд, гузоранд, бисёр хуб мешавад".

Зоҳиран ин хоҳиши ӯ иҷро намешавад, зеро қарор аст, дар ҷойи ин бино, як сохтмони нави истиқоматӣ қад биафрозад ва нишонае аз кошикорӣ ё аржанг ҳам дар он набошад.

Дар даҳсолаи охир Осиёи Марказӣ ба ҳифзи мероси шӯравии худ таваҷҷӯҳи зиёде накардааст. Ёдгориҳои меъморӣ ва ҳунарӣ, аз ҷумла кошикориҳо, деворнигораҳо ва пайкараҳо босуръат вайрон карда мешаванд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Аржанг ва ё кошикориҳои Душанбе куҷо мешаванд?

Ҷамшед Ҷӯраев, кошикори ҷавон мегӯяд, "масъалаи калон, ҳамин кошикориҳо дар биноҳои истиқоматӣ ҳастанд. Медонед, ки ҳоло дар мо шаҳрсозӣ дар авҷ аст. Мушкил ин аст, ки кандани кошикориву дар дигар ҷой часпонидани онҳо имконнопазир аст".

Ҳоло шикояти меъморону фарҳангиёни Тоҷикистон ин аст, ки ҳар бинои кӯҳнаеро, ки ба нақшаи нави шаҳрсозӣ мувофиқат накунад, аз байн мебаранд ва ба ҷойи он бинои дигаре месозанд ва таърихи гузаштаро нобуд мекунанд.

На танҳо дар Тоҷикистон, балки дар дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ айни кор идома дорад. Панҷ кишвари собиқи шӯравӣ 35 сол пеш соҳибистиқлол шуданд ва аз он замон баъд, симои шаҳрҳои онҳо ба як омехтаи беназми биноҳои баландошёнаи нав, неоклассисизми даврони Сталин кулбаҳои вайрона ва сохтмонҳои нотамом табдил ёфтааст. Аз ҷумла дар Қирғизистон.

Олтиной Худойбергенова, ташаббускори ҳифзи мероси пешин мегӯяд, "ҳадафи бисёре аз кошикориҳои замони шӯравӣ расонидани як идеологияи буд, даъват ба чизе буд, вале муҳим арзиши ҳунарии онҳост. Аз ин кошикориҳо инсон эҳсоси ҳунар, ҳамоҳангӣ ва дар умум эҳсоси зебоӣ мегирад".

Хабаргузории "Франс пресс" мегӯяд, ин бозсозиҳои меъморӣ бо ангезаҳои идеологӣ сурат мегирад, то барои ақидаҳои боқимондаи шӯравӣ ҷойе нагузорад.

Раҳбарони кишварҳои минтақа, ки ҳама қудратро ба даст гирифтаанд, худро бунёдгузорони даврони нав муаррифӣ мекунанд ва мероси худро бо рамзҳои нави қудрат устувор месозанд.