Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, 28-уми феврал дар паёми видеоӣ хабар дод, ки “Иёлоти Муттаҳида амалиёти бузурги низомиро дар Эрон оғоз кардааст”. Ӯ гуфт, ҳадафи ҳамлаҳо "бартараф кардани таҳдидҳои фаврӣ аст".
"Давлати ман ҳама чораҳои мумкинро барои ба поинтарин сатҳ расондани хатар алайҳи нерӯҳои амрикоӣ дар минтақа андешидааст. Бо ин ҳол, ин суханро ба осонӣ намегӯям, чун режими Эрон дар пайи куштан аст. Мумкин аст, ҷони қаҳрамонони шуҷои амрикоӣ аз даст биравад ва мо талафот дошта бошем. Ин дар ҷангҳо рух медиҳад. Аммо ин корро барои имрӯз анҷом намедиҳем, барои оянда мекунем ва ин маъмурияти шарафмандона аст," – гуфт раисҷумҳури Амрико.
Доналд Трамп дар паёми худ ҳукумати кунунии Эронро "бузургтарин пуштибони давлатии терроризм дар ҷаҳон" номид.
Вай афзуд: "Ин режим чанде пеш даҳҳо ҳазор шаҳрванди худро дар хиёбонҳо, замоне ки дар ҳоли эътироз буданд, кушт. Сиёсати Иёлоти Муттаҳида, бавижа давлати ман, ҳамвора ин аст, ки ин режими террористӣ ҳаргиз набояд силоҳи ҳастаӣ дошта бошад."
Вазорати дифои Исроил ҳам аз анҷоми "ҳамлаи пешгирона" ба Теҳрон хабар дод.
Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, рӯзи шанбе дар паёме гуфт, ҳамлаи муштараки Амрико ва Исроил "шароитеро барои мардуми далери Эрон фароҳам меорад, ки сарнавишти худро ба дасти худ гиранд. Замони он расидааст, ки ҳамаи қишрҳои Эрон аз зулм халос шаванд ва Эрони озод ва сулҳҷӯро ба даст оранд”.
Як мақоми амрикоӣ дар гуфтугӯ бо Радиои Фардо, бахши форсии Радиои Озодӣ тасдиқ кард, ки ҳамлаҳои Амрико аз тариқи ҳаво ва дарё дар ҳоли анҷом шудан аст. Ба гуфтаи ин манбаъ, ҳадаф аз ин ҳамлаҳо аз байн бурдани ниҳодҳои амниятии Ҷумҳурии Исломӣ аст.
Аксҳои бештар дар инҷост:
Аксҳо аз ҳамлаи Амрико ва Исроил ба Эрон
Ҳамзамон расонаҳои дохилии Эрон бо пахши видео ва акс аз таркиш дар маркази шаҳри Теҳрон гузориш доданд. Ба гузориши ин расонаҳо, таркишҳо дар хиёбони ҷумҳурӣ ва майдони Постур рух додааст, ки маҳалли иқомати Алии Хоманаӣ, роҳбари олии Ҷумҳурии исломӣ аст. Қасри раисҷумҳур, Додгоҳи олӣ ва Шӯрои нигаҳбони Ҷумҳурии исломӣ ҳам дар атрофи майдони Постур ҳастанд.
Хабаргузории расмии "Меҳр" дар Эрон аз таркиш дар шаҳрҳои Исфаҳон, Қум ва Луристон хабар додааст. Оҷонсии "Ройтерс" аз қавли хабаргузории "Форс" навиштааст, садои таркиш дар шаҳрҳои Караҷ ва Кирмоншоҳ ҳам шунида шуд.
Ба гузориши расонаҳои маҳаллӣ дар шаҳри Табрез, дар шимолу ғарби Эрон, ду таркиш сабт шудааст.
Дар бораи талафот ва пайомадҳои ин ҳамла ҳанӯз гузориши дақиқе нарасидааст. Хабаргузории "Тасним", наздик ба Сипоҳи посдорон, хабар дод, ки фазои Ҷумҳурии исломӣ баста шудааст.
Рӯзномаи "Ҷерусалим пост" навиштааст, артиши Исроил ба шаҳрвандони ин кишвар ҳушдор додааст, ки дар минтақаҳои наздик ба паноҳгоҳҳо бошанд.
Исроил интизор дорад, ки Эрон ба ҳамлаҳои ин кишвар посух хоҳад дод.
Ҳамзамон хабаргузории Фаронса ҳам аз "ҳушдори бисёр ҷиддӣ" дар шаҳри Байтулмуқаддас дар Исроил хабар дод.
Дар ду рӯзи гузашта чанд кишвар, аз ҷумла Амрико, Чин, Итолиё, Фаронса ва Лаҳистон аз шаҳрвандони худ даъват карданд, ки Эрон, Исроил ва кишварҳои Ховари Миёнаро тарк кунанд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Исроил аз ҳамлаи мушакии Эрон хабар дод