Артиши Исроил аз долони Нетсарим дар Ғазза берун шуд

Ғазза

Артиши Исроил аз долони Нетсарим, ки Ғаззаро ба ду қисмат ҷудо мекунад, пурра берун шудааст.

Мақомоти исроилӣ гуфтаанд, ки ин як шарти созиши оташбас дар Ғазза буд, ки иҷро карданд.

Пас аз пурра берун шудани артиши Исроил аз ин долон ҳазорон фаластинӣ ба самти дигар кӯч бастаанд.

Ин долонро артиши Исроил барои он сохта буд, ки иҷозаи ҳаракати фаластиниҳо аз як қисмати Ғазза ба дигар бахшашро надиҳад.

Рӯзи 19-уми январ пас аз 16 моҳи ҷанг Исроил бо ҲАМОС созиши оташбас имзо карданд.

ҲАМОС, ки гурӯҳи террористӣ дар Иттиҳоди Аврупо ва Амрико шинохта мешавад, бар асоси ин созиш бояд гаравгонҳои исроилиро раҳо кунад. Исроил артишашро аз Ғазза берун мекунад ва гурӯҳе аз зиндониёни фаластиниро раҳо мекунад.

ҲАМОС рӯзи 7-уми октябри соли 2023 ба Исроил ҳамла кард ва беш аз 1200 нафарро кушта, зиёда аз 200 нафарро гаравгон гирифт.

Исроил бо ҳадафи нобудии ҲАМОС ба Ғазза ҳамла кард. Дар ҳамлаҳои Исроил беш аз 47 ҳазор фаластинӣ кушта шудааст, ки аксарашон занону кӯдакон ҳастанд.