Артиши Исроил эълон кард, ки дар ҳамлаҳои Амрико ва Исроил ба Эрон дар рӯзи 28-уми феврал ҳафт мансабдори баландпоя, аз ҷумла Муҳаммад Покпур, фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорон ва Алии Шамхонӣ, дабири Шӯрои дифои Ҷумҳурии Исломӣ кушта шудаанд.
Бар асоси баёнияи расмӣ, Азиз Насирзода, вазири дифои Эрон, низ дар ин ҳамлаҳо ҷон бохтааст.
Алии Шамхонӣ дар ҷанги 12-рӯзаи Исроилу Эрон дар соли 2025 низ ҳадафи ҳамла қарор гирифта буд, аммо ҷон ба саломат бурд.
Вай пас аз ин ҷанг ба мансаби дабири Шӯрои дифои Эрон таъйин шуд.
Дар рӯйхати эълонкардаи артиши Исроил номи раиси созмони "Сипанд", ки масъули саноати низомӣ ва дифоӣ аст ва раиси дафтари низомии раҳбари Ҷумҳурии Исломӣ низ дида мешавад.
Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, шоми шанбе ҳангоми гуфтугӯ бо телевизиони “NBC News” дар бораи гузоришҳо дар бораи кушта шудани Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, раҳбари олии Эрон гуфт, “мо эҳсос мекунем, ин гузориш саҳеҳ аст”.
Ӯ эълом кард, ки “бештари мақомҳои аршади Эрон аз байн рафтанд”.
Пеш аз ин, Бенямин Нетаняҳу, сарвазири Исроил, эълон кард, ки “нишонаҳои зиёде вуҷуд доранд, ки Алии Хоманаӣ дигар зинда нест.”
Қаблан вазири корҳои хориҷии Эрон иддао карда буд, ки то ҷое ӯ огоҳ аст, раҳбари Ҷумҳурии Исломӣ Алии Хоманаӣ ва раисҷумҳури ин кишвар Масъуд Пизшкиён “зинда ҳастанд” ва “мумкин аст фақат як ё ду фармондеҳ кушта шуда бошанд”.
Аббос Ароқчӣ дар суҳбат бо телевизиони “NBC News” зимни эълони ин хабар афзуд, “ҳамаи мақомоти олирутба зинда ва солим ҳастанд” ва иддао кард, ки “ҳама чиз хуб аст”.
Нерӯҳои Исроилу Амрико рӯзи 28-уми феврал ба чанд гӯшаи Эрон, аз ҷумла Теҳрон, ҳамла карданд.
Вазорати дифои Исроил онро "ҳамлаи пешгирона" ва раисҷумҳури Иёлоти Муттаҳида "амалиёти бузурге" донист, ки ҳадафаш "бартараф кардани таҳдидҳо" ва "Эрони орӣ аз силоҳи ҳастаист". Эрон дар посух ба чанд кишвари Ховари Миёна, ки мизбони нерӯҳои Амрико ҳастанд, мушак андохт.