Мақомоти Арманистон шаҳрванди 46-солаи Тоҷикистон Асомуддин Раҷабовро, ки бо дархости Душанбе дар марзи ин кишвар дастгир шуда буд, раҳо кардаанд. Вай аз Гурҷистон меомад.
Асомуддин Раҷабов 25-уми март дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳоло ният дорад бо ёрии созмонҳои ҳомии ҳуқуқ ба кишвари севум биравад. Дар Арманистон ба ӯ гуфтаанд, ки дар Тоҷикистон ба “тундгароӣ бо истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ” муттаҳам аст.
“Ду рӯз пеш маро боздошт карда, гуфтанд, ба тундгароӣ гумонбар ҳастӣ ва дар пайгард қарор дорӣ. Ҳеч умед надоштам, ки озод мекунанд. Дар боздоштгоҳ муомилаи хуб доштанд. Дертар гуфтанд, озод ҳастӣ ва ҳар куҷое мехоҳӣ, зиндагӣ кун,” – гуфт Раҷабов.
Ҷустуҷӯйи Радиои Озодӣ нишон дод, ки Асомуддин Раҷабов дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук бо имзои мустаор матлабҳои танқидӣ нашр кардааст.
Вай аз 2009 то 2012 дар дастаи зудамали таъйиноти махсус ё ОМОН-и Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хидмат карда, сипас ба Русия ва аз онҷо ба Туркия ва Гурҷистон рафтааст.
Сабаби аз мақомоти интизомии Тоҷикистон канор рафтан ва ба нашри матлабҳои танқидӣ шуруъ кардани Асомуддин Раҷабов маълум нест.
Дар як соли охир дастикам панҷ шаҳрванди Тоҷикистон дар марзи Арманистон боздошт ва то кунун се нафари онҳо раҳо карда шудаанд.