Қарор рӯзи 11-уми декабр дар шаҳри Сюрих ба далели ҳузур надоштани номзади дигар бе овоздиҳӣ қабул шуд.
Баъзе аз кишварҳои аврупоӣ, аз ҷумла Федератсияи футболи Инглистон (Англия), тасмими ФИФА-ро ба далели вазъи бади ҳуқуқи инсон ва қонунҳои маҳдудкунанда дар Арабистони Саудӣ танқид карданд.
Пас аз мизбонии Қатар дар соли 2022, Ҷоми ҷаҳонии соли 2034 бори дувум дар Ховари Миёна баргузор хоҳад гашт.
Бо дарназардошти он ки Ҷоми ҷаҳонии соли 2026 дар Иёлоти Муттаҳида, Мексика ва Канада ва бозиҳои соли 2030 дар Аврупо, Африқо ва Амрикои Ҷанубӣ баргузор мешавад, танҳо кишварҳои узви Конфедератсияҳои Осиё ва Уқёнусия иҷозат доштанд, ки барои мизбонии соли 2034 дархост диҳанд.
Арабистони Саудӣ тайи солҳои охир ба соҳаи варзиш сармояи зиёде харҷ карда, гуфтааст, ки мизбони хуби ин мусобиқот хоҳад буд.