Apple шабакаи русии ВКонтакте-ро аз қатори замимаҳояш берун кард

Ширкати Apple замимаи ВКонтакте, шабакаи иҷтимоии русиро, ки шаҳрвандони Тоҷикистон ҳам аз он истифода мекунанд, аз App Store пок кардааст. Инчунин, барномаҳои дигари вобаста ба VK Group дар дастгоҳҳои Apple боргирӣ намешаванд.

ВКонтакте, ки пойгоҳи иҷтимоии маъруф дар Русия ба шумор меравад, аз соли 2006 фаъол аст. Ин ширкати русӣ рӯзи 25-уми июн дар изҳороте гуфт, Apple бидуни шарҳ ё огаҳӣ замимаи онро ҳазф кард.

Ин пойгоҳ гуфт, дастрасии даҳҳо миллион корбараш ба шабакаҳои иҷтимоӣ, паёмрасонҳо, пойгоҳҳои видеоӣ, имейл ва маҳсулоти омӯзишии онҳо низ номумкин гардид.

Дар Кремл қарори Apple-ро барои ҳазфи ВКонтакте "аҷиб" номиданд. Сухангӯи Кремлин гуфт, аз ширкати амрикоӣ тақозо хоҳанд кард, ки қарорашро шарҳ диҳад.

Ширкати Apple дар оғози моҳи июн нисбат ба шабакаи иҷтимоии русии Max, ки дар пушти он ҳукумати Русия истодааст, тасмими ҳамсон гирифта буд.

Мақомоти Русия давоми моҳҳои зиёд аз ҳама шаҳрвандон талаб мекарданд, ки ба пойгоҳи Max бипайванданд ва дар ин байн фаъолияти WhatsApp ва Telegram-ро ҳам ба шиддат маҳдуд карданд.