АП: Тоҷикистон аз Узбекистон барқ мехарад

Акс аз бойгонӣ.

Дар пайи камбуди барқ дар дохили кишвар, Тоҷикистон аз Узбекистон барқ мегирад.

Намояндагони Вазорати энержӣ ва захираҳои оби Тоҷикистон ба хабаргузории "Азия-Плюс" гуфтаанд, кишвар шабонарӯз аз Узбекистон 2 миллион киловат соат барқ харидорӣ мекунад.

Ҷузъиёти бештари ин созишнома ва нархи барқи воридотӣ аз Узбекистон маълум нест.

Масъулини Вазорати энержӣ ва захираҳои оби Тоҷикистон гуфтаанд, дар сурати имконият интиқоли барқ аз Узбекистон ба Тоҷикистон бештар мешавад.

Ба қавли манбаъ, Тоҷикистон барои хариди барқ бо Қазоқистон ва Туркманистон ҳам гуфтугӯ дорад.

Тоҷикистон 98 дарсади барқи мавриди ниёзашро аз неругоҳҳои обӣ мегирад. Дар фаслҳои тирамоҳ ва зимистон сокинони деҳоти кишвар бо маҳдудият ё лимит барқ мегиранд.

Имсол маҳдудият дар кишвар назар ба солҳои гузашта сахтар аст. Сокинони рустоҳо мегӯянд, дар шабонарӯз танҳо 3-4 соат барқ доранд.