Боздиди коршиноси мустақили Шӯрои ҳуқуқи инсони СММ оид ба таъсири қарзи беруна ва ҳуқуқи инсон Аттия Варис аз Тоҷикистон бар анҷом расид. Рӯзи 28 август дар вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо ширкати ӯ ва муовини вазири умури хориҷӣ Идибек Қаландар дар ҳузури намояндагони вазорату идораҳои давлатии Тоҷикистон нишасти хабарӣ барпо шуд.
Дар хабарномаи ВКХ омадааст, ки А. Варис мушоҳидаҳои пешакии худро аз натиҷаи сафар ва мулоқотҳои расмӣ бо мақомоти давлатии Тоҷикистонро муаррифӣ намуд. Ҷузъиёте аз он беш нашр намешавад, вале дар иттилоияи Дафтари СММ оид ба ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ гуфта шуд, ки дар мулоқоташ бо Идибеки Қаландар рӯзи 18 август, коршиноси мустақили СММ масоили вобаста ба рушди босубот, маблағгузории бомасъулият ва зарурати ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти рушди ҳуқуқи инсон ва беҳбуди некӯаҳволиро баррасӣ кардааст.
“Дар ҷараёни мулоқот коршиноси мустақил аз Тоҷикистон хостааст, ки дар муҳокимаҳои байналмилалии вобаста ба тақсими одилонаи даромадҳо аз истифода баҳрҳои боз ва андозбандиҳои байналмилалӣ фаъолона иштирок кунад”, омадааст дар хабарнома.
Дар ҷараёни боздидаш аз Тоҷикистон Аттия Варис бо намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ мулоқот карда ба ВМКБ ҳам сафар кардааст.
Ҷузъиёти бештаре дар бораи диду боздидҳову сӯҳбатҳои коршиноси СММ дар Тоҷикистон то ҳол нашр нашудааст.