Скотт Бессент, вазири молияи Амрико, гуфт, кишвараш ва Чин ба мувофиқа расиданд, ки “мусолиҳаи тиҷоратӣ” маъруф бо номи “Созишномаи Бусан”-ро то рӯзи 10-уми январи соли 2027 тамдид кунанд.
Ин тавофуқнома, ки моҳи октябри соли 2025 байни ду кишвар имзо шуд, қарор буд, рӯзи 10-уми ноябр ба поён расад. Он замон байни ду тараф сари тиҷорат ҷанҷолу баҳс бархост ва Амрико моҳи апрели ҳамон сол барои маҳсулоти воридотии чинӣ 145 дар сад боҷ ҷорӣ кард. Чин дар посух аз маҳсулоти воридотии Амрико 125 дар сад боҷи иловагӣ хост.
Баъди ин, ду тараф мувофиқат карданд, аз ин боҷҳои баланд даст кашанд ва Амрико ҳаҷми боҷи маҳсулоти чиниро аз 57 то 47 дар сад поин овард.
Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, рӯзи 24-уми сентябр бо ҳамтои чинии худ Си Ҷинпин дар Кохи Сафед мулоқот кард ва сипас барои ӯву ҳайаташ як зиёфати бошукӯҳ орост, ки ба гуфтаи нозирон як тавозуни нозуки миёни ду иқтисоди бузурги ҷаҳонро нишон медиҳад.
Дар мулоқот таваҷҷӯҳ бештар ба муколамаи байни ду кишвар ва суботи стратегӣ равона шуда буд. Дидори Доналд Трамп ва Си Ҷинпин дар ҳоле сурат гирифт, ки вакилони мардумӣ ва коршиносони амнияти миллии Амрико аз Трамп мехоҳанд, масъалаи кумаки Чин ба Эрон дар ҷанг бо Амрикоро дар миён гузоранд.
Бино ба гузоришҳо, Чин гӯё ба Эрон дар муқобила бо ҳамлаҳои Амрико бо аслиҳа ва иттилооти моҳвораӣ ва ҳам хариди нафти он кӯмак мекунад.
Си Ҷинпин гуфтааст, ки ӯ ва Трамп "гуфтугӯи самимӣ ва амиқ" доштанд ва "дар бисёре аз масъалаҳо ба тафоҳум расидаанд", аммо мушаххас накард, ки масъалаи Эрон низ дар миён буд ё на. Чин бузургтарин муштарӣ ва харидори нафти Эрон аст ва дар ин кишвар нуфузи бузурги иқтисодӣ дорад.