Марко Рубио, вазири корҳои хориҷии Амрико, пас аз онки расонаҳои давлатии Эрон аз кушта шудани беш аз 160 нафар дар ҳамла ба як мактаби ибтидоии духтарона дар шаҳри Миноб дар вилояти Ҳурмузгон хабар доданд, гуфт, ИМА "қасдан мактабро ҳадаф қарор намедиҳад".
Ин ҳамла, ки ба рӯзи аввали амалиёти муштараки Амрико ва Исроил алайҳи Эрон нисбат дода шуд, маргбортарин ҳодисаи гузоришшуда дар ин даргириҳо гуфта мешавад. ЮНЕСКО, Бунёди кӯдакони Созмони Милал ва Малола Юсуфзай, барандаи Ҷоизаи сулҳи Нобел, ин ҳамларо маҳкум кардаанд.
Марко Рубио гуфт, дар сурати дурустии гузоришҳо, Вазорати ҷанги Амрико мавзуъро баррасӣ хоҳад кард ва Фармондеҳии марказии Амрико низ эълон кардааст, ки дар ҳоли баррасии гузоришҳои вобаста ба "осеб ба ғайринизомиён" аст.
Расонаҳои эронӣ навиштанд, ки ин қабрҳо барои духтарони мактабхон дар Миноб омода шудаанд
Ба навиштаи хабаргузории "Рейтерс", Роземари де Карло, намояндаи вижаи Созмони Милал дар умури эҷоди сулҳ низ ин гузоришро "бисёр фоҷиавӣ" хонд, аммо гуфт, ҷузъиёти мустақиле дар даст нест.
Сафири Исроил дар Созмони Милал ҳам эълон кард, гузоришҳои гуногунро дар бораи омили ҳамла дидааст, аз ҷумла иддао кард, ки Сипоҳи посдорон дар ин ҳодиса нақш доштааст.
Хабаргузории "Рейтерс" таъкид кардааст, ки натавонист ин гузоришҳоро ба таври мустақил тасдиқ кунад.