Вазорати дифои Амрико эълон кардааст, ки ин кишвар нерӯҳои худро дар Сурия ба камтар аз як ҳазор коҳиш медиҳад. Вашингтон солҳост, ки неруҳои худро барои мубориза бо гурӯҳи "ДОИШ" дар Сурия, ҷобаҷо кардааст. Мақомот дар Вашингтон ба ин бовар ҳастанд, ки ин гурӯҳ дар Сурия ва Ироқ ҳанӯз ҳам таҳдиди бузург ба шумор меравад.
Сухангӯи Пентагон мегӯяд, вазири дифои Амрико дастур додааст, ки нерӯҳои амрикоӣ дар Сурия коҳиш ёбанд ва бояд дар чанд минтақаи хос ҳузур дошта бошанд. Ҳарчанд ӯ дар бораи маҳали дақиқи ҷобаҷойии ин нерӯҳо чизе нагуфт, аммо афзуд, "ин раванд санҷидашуда аст ва тибқи шароит, ҳузури нерӯҳои амрикоӣ дар Сурияро дар моҳҳои оянда ба камтар аз 1000 нафар коҳиш хоҳад дод".
Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар давраи аввали президентии худ дастури хуруҷи нерӯҳои ин кишвар аз Сурияро дода буд, аммо дар ниҳоят бахше аз нерӯҳои амрикоӣ дар онҷо боқӣ монданд.
Пас аз сарнагунии ҳукумати Башор Асад дар Сурия дар моҳи декабри соли гузашта аз сӯи гурӯҳҳои мухолиф бо раҳбарии "Таҳрир Аш-Шом", Трамп эълон кард, ки Вашингтон "набояд дахолат кунад".
Ҳамлаҳои ДОИШ дар соли 2014 боис шуд, Амрико барои ҳимоят аз нерӯҳои маҳаллӣ дар Сурия ва Ироқ, мудохила кунад. Ҳарчанд гуфта мешавад, ки фаъолияти ДОИШ дар Сурия ва Ироқ коҳиш ёфтааст, аммо таҳдидҳои ин гурӯҳ аз байн нарафтааст.
Пас аз оғози ҷанг дар Ғазза дар моҳи октябри соли 2023, нерӯҳои амрикоӣ дар Ироқ ва Сурия чандин бор ҳадафи ҳамлаҳои гурӯҳҳои вобаста ба Эрон қарор гирифтанд, аммо дар пайи зарбаҳои ҷавобии Амрико, ин ҳамлаҳо коҳиш ёфтаанд.
Дар ҳоле, ки Вашингтон пештар аз ҳузури 900 сарбози худ дар Сурия хабар дода буд, Пентагон дар моҳи декабри соли 2024 эълон кард, ки шумори онҳо ба ҳудуди 2000 нафар расида буд.
Акнун Амрико дар ҳоли коҳиши нерӯҳояш дар Сурия аст. Ҳамзамон Ироқ низ хостори поёни ҳузури эътилоф ба раҳбарии Амрико шуда, ду кишвар ба созиш расидаанд, ки ин ҳузур то поёни соли 2025 дар Ироқ ва то декабри соли 2026 дар Курдистон, поён ёбад.