Президенти Амрико Доналд Трамп аз барқарор шудани муҳосираи дарёии Эрон дар тангӣ ё гулӯгоҳи Ҳурмуз хабар дод.
Трамп дар шабакаи иҷтимоиаш Truth Social навишт, муҳосираи дарёӣ танҳо ба киштиҳои эронӣ дахл дорад ва киштиҳои дигар кишварҳо метавонанд озодона аз тангаи Ҳурмуз гузаранд.
Дар ҳамин ҳол раиси ҷумҳури Амрико мегӯяд, Вашингтон барои таъмини амнияти киштиронии байналмилалӣ аз киштиҳо маблағ мегирад. Ҳаҷми ин маблағ баробар ба 20 дарсади бори интиқолшуда будааст.
Ба гуфтаи Трамп, Иёлоти Муттаҳида дигар ният надорад амнияти яке аз муҳимтарин масирҳои баҳрии тиҷоратии ҷаҳонро ройгон таъмин кунад.
Гулӯгоҳи Ҳурмуз яке аз муҳимтарин масирҳои тиҷорати ҷаҳонии нафт ба ҳисоб меравад ва қаблан 20 дарсад нафти ҷаҳон аз ин масир мегузашт. Баъди ҳамлаи Амрико ва Исроил ба Эрон дар таърихи 28 феврал, Эрон равуо аз гулугоҳи Ҳурмузро баст.
Боз шудани гулӯгоҳи Ҳурмуз яке аз бандҳои асосии ёддошти тафоҳум буд, ки моҳи июн миёни Вашингтон ва Теҳрон ба имзо расид. Дар аввали моҳи июл Трамп изҳор дошт, ки оташбас бо Эрон амалан ба поён расидааст. Пас аз ин, Эрон бори дигар аз баста шудани гулӯгоҳи Ҳурмуз хабар дод.