Амрико додани визаро ба ғолибони “Green Card” боздоштааст

Вазири амнияти дохилии Амрико гуфт, бо дастури президент Доналд Трамп додани раводид ё визаи “DV-1” ба ғолибони бахтозмоии “Green Card” боздошта шуд.

Кристи Ноэм 19-уми декабр дар шабакаи “Х” навишт, “бо фармони раисҷумҳур Трамп фавран ба Хадамоти шаҳрвандӣ ва муҳоҷират (USCIS) дастур медиҳам, ки “DV1”-ро боздорад, то боварӣ ҳосил шавад, ки амрикоиҳо дигар аз ин барномаи фоҷиабор осеб набинанд.”

Тасмим баъди он эълон шуд, ки Клаудио Мануэл Невес Валенте, касе, ки соли 2017 ба воситаи “DV1” ба Амрико ворид шудааст, дар Донишгоҳи Браун дар Род-Айленд тирпаронӣ кард. Дар ин ҳодиса рӯзи 13-уми декабри имсол ду кас кушта ва нуҳ нафар захмӣ шуданд.

Ҷасади Валентеи 48-соларо дертар пайдо карданд. Муфаттишон бовар доранд, ки ӯ дар қатли як донишманди ҳастаӣ низ даст дорад.

Кристи Ноэм, вазири амнияти дохилии Амрико мегӯяд, Доналд Трамп дар соли 2017 ва пас аз он ки як узви гурӯҳи террористии “Давлати исломӣ” ё ДОИШ мошини борбарро ба рӯи одамон дар Ню-Йорк ронд ва ҳашт касро кушт, барои қатъи ин барнома мубориза бурд. Ба гуфтаи Ноэм, ин ронанда низ тавассути барномаи “DV1” ба Амрико рафтааст.

Амрико барои муҳоҷирон кишвари фурсатҳо ва ҷойи кору ояндаи хубе арзёбӣ мешавад, аз ин рӯ, аз ҳар гӯшаи дунё, аз ҷумла Тоҷикистон бо ҳар роҳе талош мекунанд, ба ин кишвар бирасанд. Аз Тоҷикистон соли гузашта наздик ба се ҳазор кас барандаи "Green Card” шуданд.