Амрико ба як ҷазираи Эрон зарба зад; Трамп ба имкони созиш ишора кард

Ҷазираи Қишм дар Эрон. Акс аз моҳвора. Моҳи августи 2026

Намояндагони Амрико тасдиқ карданд, ки Иёлоти Муттаҳида шаби 2 ба 3-юми ноябр ҷазираи стратегии Қишмро дар Эрон оташборон кардааст.

Ҳамла ҳамагӣ чанд соат пеш аз оғози интихоботи миёндавраӣ ба Конгресси Амрико ин тахминҳоро ба вуҷуд овардааст, ки дар пайи интихобот амалиёти ҳарбӣ ба муқобили Эрон аз сар гирифта хоҳад шуд.

Президент Доналд Трамп оғози фаврии амалиёти густурдаи низомиро аз эҳтимол дур донист ва ба имкони созиш ишора кард.

Доналд Трамп

Ӯ афзуд: "Мо дар набард бар Эрон дастболо ҳастем. Нерӯи дарёии онҳо маҳв шуд. Нерӯи ҳавоӣ маҳв шуд. Ҳавопаймоҳои онҳо дар фурудгоҳҳои Эрон пора-пора шудаанд. Қудрати мудофиаи зиддиҳавоӣ ва имконоти тавлиди мушакҳои онҳо бисёр поин бурда шудааст. Онҳо пул надоранд ва танҳо чизе, ки доранд, ин таварруми баробар ба 300 дарсад аст, ки баландтарин мизон дар 15 соли охир аст. Онҳо мехоҳанд созиш кунанд ва он имконпазир аст."

Мансабдорони ҳукумати Трамп дар суҳбат бо нашрияи амрикоии The Wall Street Journal гуфтаанд, президенти Иёлоти Муттаҳида гузина ё интихобҳои гуногунро баррасӣ намуда, дар айни замон, амалиёти низомӣ дар паси парда идома дорад.

Ба қавли низомиёни Амрико, ҳамлаи ахир яке аз чунин қадамҳост, ки бо ҳадафҳои дифоӣ роҳандозӣ мешавад ва бояд таҳдиди Эрон ба равуои киштиҳои тиҷориро дар оброҳаи Ҳурмуз заиф намояд.

Расонаҳои эронӣ рӯзи 3-юми ноябр дар бораи ҳамла ба ҷазираи Қишм хабар доданд.

Як мансабдори баландпояи нерӯҳои мусаллаҳи Амрико дар суҳбат бо Радиои Озодӣ тасдиқ кард, ки ҳадаф аз амалиёти маҳдуд дар Қишм дифоъ аз ҳавопаймои амрикоӣ будааст.

Қишм дар даромадгоҳи Ҳурмуз, яке аз муҳимтарин оброҳаҳои олам ҷойгир мебошад. Дар он пойгоҳи ҳимояи зиддиҳавоӣ, пойгоҳи баҳрӣ ва корхонаи обсофкунӣ фаъол аст.

Ба навиштаи The Wall Street Journal дар марҳилаи пешинаи амалиёти Амрико ҳам Қишм мавриди оташ қарор гирфта буд ва низомиёни Иёлоти Муттаҳида эҳтимоли ишғоли онро арзёбӣ карда буданд.

Инро ҳам бинед:

"Ҳама чиз гарон." Даромади оилаҳо дар Эрон кам ва фақр бештар шудааст