Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар ҳаҷми 1,8 миллион доллар ба Тоҷикистон таҷҳизоти тавлиди оксиген ва эҳёи навзодон тақдим кардааст. Маросими тақдими ин таҷҳизот 12-уми май дар шаҳри Душанбе баргузор шуд.
Сафорати Амрико дар хабарномае гуфт, дастгоҳҳо як бахше аз кумаки 78 миллиондолларӣ мебошанд, ки созишномааш ахиран бо Тоҷикистон имзо шуд.
Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, "таҷҳизоти оксигенӣ ва маҷмӯаҳои махсус барои эҳёи навзодон барои беҳтар намудани сифати хизматрасонии тиббӣ ва наҷоти ҳаёти беморон аҳамияти бузург дорад".
Ба иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, қисме аз ин таҷҳизот аллакай ба 5 таваллудхона ва 11 муассисаи дигари тандурустии кишвар дастрас ва насб гардидааст.
Саломуддин Юсуфӣ, муовини аввали вазири тандурустӣ тақдими таҷҳизотҳои тиббиро "намунаи равшани шарикии устувор, ҳамдигарфаҳмӣ ва дастгирии пайваста"-и Амрико дар самти таҳкими низоми тандурустии Тоҷикистон гуфтааст.
Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Тоҷикистон моҳи апрели имсол ба тавофуқ расида буданд, ки давоми панҷ соли оянда барои мубориза ва пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла, сил ва ВНМО (ВИЧ/СПИД), 78 миллион доллар сарф хоҳанд кард.